30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО БО ДАСТОВАРДҲОИ АРЗАНДА ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ!

30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО БО ДАСТОВАРДҲОИ АРЗАНДА ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ!

Моҳи июни соли 2021 байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил озмуни «Донишҷӯи беҳтарини соли 2021» дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» донишҷӯёни курси 4- уми факултети тиббӣ Зинҳорзода Синоншоҳ ва Ибраҳимов Оғабек тариқи онлайн иштирок намуда, сазовори ҷойи якум, бо медали тилло ва дипломҳои дараҷаи якум сарфароз гардонида шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки ин ворисони арзандаи Сино тӯҳфаи муносибро дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварданд ва ин нишона аз ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонони замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб дарак медиҳад.

Раёсати МДТ «ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино» ин донишҷӯёни фаъолро барои чунин дастовардҳои арзанда табрику муборакбод намуда, барояшон дар таҳсилу пешрафти илмии оянда бурдбориҳо орзу менамоянд.

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК!

Шуъбаи тарбия


13.09.2021 61