22 сентябр-Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон

22 сентябр-Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон

Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин арҷгузорӣ барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно имкон фароҳам меорад.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ  маъруф ба Одамушуаро-бунёдгузори адаби форсӣ, нахустин шоири машҳури порсисарои Эронзамин дар давраи Сомониён аст.

Замони зиндагии Рӯдакӣ марҳилаи наве барои забони тоҷикист, ки дар ин давра аввалин силсилаи навбунёди тоҷикон- Сомониён баъди истилои араб ба арсаи сиёсат омад ва бори дигар забони ниёгони худ-тоҷикиро дар шакли сифатан нав ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Бунёди бегазанди забони нави тоҷик, ки имрӯз ҳам дарёи бузурги он шодоб аст, дар асрҳои 9-10-и мелодӣ гузошта шудааст. Дар ташаккул ва таҳаввули нави забони тоҷикӣ, ки то асри 15 давом кард, адибону донишмандоне чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Фаррухиву Манучеҳрӣ, Синову Насируддини Тусӣ, Хайёму Ҷомӣ ва садҳо шоирону нависандагони дигар саҳм гузоштаанд.

Соли 2008    бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз тарафи ЮНЕСКО 1150 – солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ин арҷгузорӣ ва поси хотир, марҳилае тозаеро дар шинохти Рӯдакӣ, ҳамчун поягузори забони ноби тоҷикӣ, боз намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба арзишҳои умумибашарии андешаҳои Рӯдакӣ ва мақоми волои ӯ қайд намудаанд:"Ашъори устод Рӯдакӣ-зодаву парвардаи деҳаи Панҷрӯди шаҳри бостонии Панҷакент ва сардафтари адабиёти тоҷику форсро имрӯз, яъне баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем. Ин, албатта, мояи ифтихору сарфарозии мо-ворисони ин мероси бузурги маънавӣ мебошад."

Дар Тоҷикистон ба манзури бузургдошт ва арҷгузорӣ аз ин шахсият як ноҳия, пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, донишгоҳи Кӯлоб, чандин муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, мактабҳо ва кӯчаҳо номи Рӯдакиро дорад. Муҷассамаҳои Рӯдакӣ, ки ӯро падари шеъри тоҷикӣ ҳам ном мебаранд, дар назди бархе аз муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла яке дар Боғи Рӯдакӣ дар маркази пойтахт ва якеи дигар дар саҳни майдони назди Донишгоҳи кишоварзӣ қомат афрохтаанд. Хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон низ номи Рӯдакиро дорад. Ҳамчунин ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳоти адабу фарҳанг, ки ҳар сол барои беҳтарин асарҳои адибону ҳунармандони тоҷик тақдим мешавад, низ ба номи Рӯдакист. Ҳамин тариқ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун инсони соҳибмаърифату соҳибхирад бисёр афкори панду ҳикматомез баён сохтааст, ки онхо мардумро ба ростиву росткорӣ покизагиву поктинатӣ, сухандониву нуктасанҷӣ сулху салох меҳнати якдигарро қадр кардан, дури ҷӯстан аз ҷабру ситам ва озори одамон наҷӯстан ҳидоят менамоянд:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ.           

                                                                                                                     

 

Рӯзи Рӯдакӣ ба ҳама тоҷикону тоҷикистониёни ҷаҳон фархунда бод!          

Турсунова З.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


22.09.2021 32