1-июн рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

 1-июн рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Санаи 20.05.21 дар кафедраи дерматовенерологияи МДТ “Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курси 4, гурӯҳҳои 6-11-и факултети тиббӣ ҷамъомад бахшида ба рӯзи 1-июн “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон“ гузаронида шуд. Дар ҷамъомади мазкур донишҷӯи гурӯҳи 8-уми курси 4-и факултети тиббӣ Мирзоназаров Ҷ.А. дар ин мавзӯъ баромад кард. Ӯ дар баромади худ қайд намуд, ки Тоҷикистон давлати нисбатан ҷавон буда, 35%-и аҳолияшро шахсони то 18-сола ташкил медиҳанд. Ӯ зикр кард, ки миллате, ки баҳри ободии ояндаи худ меандешад ба тарбияи кӯдакон аҳамияти бузург бояд диҳад. Ба гуфти ӯ кӯдакон ояндаи мо буда, мавҷудияти онҳо ба зиндагии ҳаррӯзаи мо хушиву хурсандӣ меорад. Маҳз бо тарбияи дуруст ҳифзи ҳуқуқҳояшон онҳо шахсони баркамол гардида, дар ободонӣ ва ҳимояи Ватан саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Дар охири ин чорабинӣ якчанд донишҷӯён фикру ақидаҳои худро дар ин мавзуъ баён карданд.
асистенти кафедраи дерматовенерология, н.и.т.: Абдуллоева М.А.

асистенти кафедраи дерматовенерология : Бозоров С.С.

21.05.2021 133