Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

 Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Cанаи 16 сентябри соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА -038 назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳимояи диссертатсияи Давлатов Холмирзо Бобохонович дар мавзӯи: «Арзёбии вазъи саломатии кӯдакон бо интиқоли амудии сирояти ВНМО» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.08 – Тибби атфол баргузор гардид.

Ҳангоми ироаи маълумот дар мавриди муҳтавои рисола унвонҷӯ Давлатов Х. Б. ба аҳамиятнокиии мавзӯъ ишора намуда, гуфт, ки ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои охир дар самти коҳиш додани бемориҳои сироятии кӯдакон баъзе пешравиҳо ба даст омадааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам мушкилоти сирояти ВНМО ба кӯдакон, пешгирии сирояти ВИЧ аз модар ба кӯдак, мутобиқшавии иҷтимоии кӯдаконе, ки аз модарони гирифтори ВНМО таваллуд шудаанд, мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи унвонҷӯ Давлатов Х. Б.- "Таҳлилҳо нишон доданд, ки то ҳол дар минтақаи мо проблемаи интиқоли ВНМО ба кӯдакон, хусусиятҳои эпидемиологии гузаштани ВИЧ аз модар ба кӯдак, омилҳои биотиббӣ ва иҷтимоии ба занони ҳомила ва таваллудкардаи мубталои ВНМО таъсиррасонанда, нишондиҳандаҳои вазъи саломатии навзодон ва кӯдакони гирифтори ВНМО, ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст."

Шӯрои диссертатсионӣ бо шиносоӣ ба корҳои анҷомшуда дар раванди таҳқиқот таъкид менамояд, ки дурустии маълумотро ҳаҷми кофии маводи таҳқиқотӣ, коркарди омории натиҷаҳои бадастомада ва интишорёфта тасдиқ мекунанд. Хулоса ва тавсияҳо дар заминаи таҳлили илмии натиҷаҳо асос ёфтаанд. Аз тарафи муаллиф мавзӯи таҳқиқоти дисертатсионӣ мустақилона интихоб ва омӯхта шуда, таҳқиқот аз рӯйи ҳамаи бобҳои рисолаи илмӣ амалӣ гардидааст.

Шӯрои диссертатсионӣ мавзӯи таҳқиқотро мубрам ва аҳамиятнок унвон карда, кори муаллифро ҷавобгӯ ба талабот донист.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


04
03
02
01
17.09.2021 58