Наврӯз-ҷашни ниёгон


Наврӯз-ҷашни ниёгон

Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод!

Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод!

Хуш омада Фарварин, ҷонбахши заминро бин,

Дай хезаду бигрезад, Наврӯз муборак бод!

Бар боғу чаман бингар, себаргаву гул бар сар,

Ваҳ боғ чу гул безад, Наврӯз муборак бод!

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» аз санаи 11-ум то 14-юми марти соли 2023 аз ҷониби омӯзгорони кафедра, муаллимони калони кафедра Хоҷаева О.Т., Бобоева Х.А. ва ассистентони кафедра Ашурова Н.П. ва Разоқова К.Р. дарси кушод дар мавзӯи: «Наврӯз-ҷашни ниёгон» бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ ва педиатрӣ гурӯҳҳои 1-2-юм, 62, 47, 65, 67-ум гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳҳои номбурда пурмазмун бо забон рӯсӣ ва давлатӣ, инчунин наворҳои видеои ва саҳначаҳо, шеърхониҳо пешкаши ҳамагон намуданд. Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шоди асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист.

   Чашни Наврӯз яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умуми инсони пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои вижаи худ, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

 

 

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


15.03.2023 436

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php