МАСТЕР-КЛАСС ДАР МАВЗУИ «МИГРЕН» ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО


МАСТЕР-КЛАСС ДАР МАВЗУИ «МИГРЕН» ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

«Мигрен» яке аз маъмултарин бемориҳои музмин дар ҷаҳон аст. Бо табобат ва пешгирии дуруст хатарҳои онро идора кардан осон аст. Ташвиқи донишҳо оид ба бемории «Мигрен» ва баргузории курсҳои омӯзишӣ, ба монанди мастер-класс бо роҳбарии мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ва табибон аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии бемории мазкур мебошад.

Бо назардошти ҳамин мақсадҳо, инчунин, тақвияти ҳамкорӣ, таҳкими мубодилаи академӣ бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи М.Ғ.Ғуломов д.и.т., профессори кафедраи асабшиносии Донишгохи давлатии тиббии Ҷумҳурии Бошқирдистон, шаҳри Уфа Ахмадеева Лейла Ренатовна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино даъват карда шуда, бо роҳбарии ин мутахассиси варзида санаи 09.03.2023 мастер-класс дар мавзуи «Мигрен» бо иштироки ассистентон, аспирантон, ординаторони соли I, II ва интернаҳои клиникӣ гузаронида шуд. Дар мастер-класс сабабу аломат, намудҳо ва пешгирию табобати бемории «Мигрен» аз тарафи профессор Ахмадеева Лейла Ренатовна шарҳ дода шуда, омилҳои нави гуногуни пешгирӣ, ташхис ва табобати он мавриди муҳкимаи дақиқ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки «Мигрен» як намуди дарди сар аст ва одатан дар як қисми сар эҳсос мешавад. Пешниҳод шудааст, ки ҳамлаҳои такрории «Мигрен» метавонанд осеби мағзи сарро ба вуҷуд оранд, ки ба инсулт мусоидат мекунанд. Тадқиқоти муосир тасдиқ мекунад, ки «Мигрен» як омили хатари сактаи ишемикӣ мебошад - ҳар қадаре, ки ҳамлаҳо зиёдтар шаванд, хатари он зиёдтар аст.

Ҳамин тавр, баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишию иттилоотӣ барои баланд бардоштани донишҳои табибону шаҳрвандон оид ба бемории «Мигрен» ва роҳҳои самараноки пешгирии он мусоидати фаъол менамояд.

 

Кафедраи асабшиносӣ, психиатрия

ва психологияи тиббӣ ба номи М.Ғ.Ғуломов,

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

ба номи Абуалӣ ибни Сино


13.03.2023 508

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php