КОНФЕРЕНСИЯИ «ТИББИ МУОСИР: АНЪАНАҲО ВА ИННОВАТСИЯ» ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ


КОНФЕРЕНСИЯИ «ТИББИ МУОСИР: АНЪАНАҲО ВА ИННОВАТСИЯ» ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ

Санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» Конференсияи 70-умини солонаи илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» бо иштироки олимон ва табибон аз дохилу хориҷи Тоҷикистон дар мавзӯи «Тибби муосир: анъанаҳо ва инноватсия» баргузор гардид.

Дар ҷаласаи пленарии Конференсия таҳти раёсати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор Абдуллозода Ҷ.А. ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, д.и.т, профессор Гулзода М.Қ., директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода И.С., ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, д.и.т., профессор Ғоибзода А.Ҷ., академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор Мироҷов Ғ.Қ., ректори МТДФБ ТО «Академияи давлатии тиббии Ижевск», д.и.т., профессор Шкляев А.Е. ва д.и.т., профессори Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ Нургожин Т.С. маърӯзаҳои илмӣ дар мавзуъҳои «Технологияҳо ва тамоюлҳои пешбар дар тиб», «Кори хадамоти саратоншиносӣ дар шароити пандемияи COVID-19 ва дар давраи баъдиковидӣ», «Трансплантатсия дар эрон», «Хусусиятҳои патогенетикии вариантҳои гуногуни диспепсияҳои функсионалӣ», «Дисфунксияи эндотелий. Оид ба он чӣ медонем ва минбаъд бояд дар кадом самт ҳаракат намоем?» баррасӣ гардиданд.

Қобили қайд аст, ки Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки аз суханрониҳояшон зимни паёмҳову вохӯриҳо бо омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бармеоянд, инчунин, қарору фармонҳои дахлдорро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ чорабиниҳои судмандро амалӣ менамояд. Фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Маҳз, бо назардошти ҳамин омил дар Донишгоҳ баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти Муассиса қарор дорад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи тадқикочиёну пажӯҳишгарон аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд торафт меафзояд.

Ташкил ва гузаронидани Конференсияи мазкур далели густариши равобити илмию амалии олимони ватанӣ ва хориҷи дуру наздик мебошад. Ҳадафи баргузории Конференсия ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон ва фароҳам овардани шароиту имкониятхои озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстию ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассиҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби муосир ба амалияи тиб мебошад.

Дар кори Конференсия олимон ва ходимони сиёсии Тоҷикистон, Британияи Кабир, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озорбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Белорус ва дигар давлатҳо ба тариқи онлайн ва офлайн фаъолона ширкат намуданд.

Дар доираи Конференсия ҷаласаи пленарӣ, 6 симпозиум ва 11 сексия дар мавзуъҳои зерин гузаронида шуданд:

-Технологияи инноватсионӣ дар ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои соҳаи оториноларингология;

-Тибби оилавӣ ва синдроми баъдиковидӣ;

-Педиатрия;

-Тибби биологӣ;

-Гастроэнтерология: дастовардҳо ва мушкилот;

-Об ва саломатӣ.

Сексияҳо аз рӯи самтҳои зерин гузаронида шуданд:

-Масъалаҳои мубрами акушерӣ ва гинекологӣ;

-Масъалаҳои мубрами бмориҳои дарунӣ;

-Масъалаҳои стоматология ва офталмология;

-Бемориҳои сироятӣ;

-Фанҳои назариявии тиббӣ;

-Фанҳои назариявии ғайритиббӣ;

-Фарматсия.

Дар Конференсия дастовардҳои олимони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назариявӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ ва баҳрабардорӣ карда шуданд. Мавзуъҳои маърӯзаҳои баррасишаванда мухталиф буда, ба самтҳои гуногуни илм бахшида шудаанд. Симпозиум ва сексияҳои Конференсияро олимону устодони варзидаи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дигар муассисаҳои бонуфузи илмии хориҷӣ роҳбарӣ намуданд.

Басо рамзист, ки ҳамасола шумораи иштирокчиёни Конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд. Соли равон шумораи онҳо 1320 ададро ташкил дода, 318 адади он аз кишварҳои хориҷии дуру наздик мебошад.

Ҷаласаи хотимавии Конференсияи 70-умини солонаи илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» бо иштироки олимон ва табибон аз дохилу хориҷи Тоҷикистон дар мавзӯи «Тибби муосир: анъанаҳо ва инноватсия» дар толори Синои Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ баргузор гардид ва муаллифони мақолаву маърузаҳои беҳтарини илмӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, дар Конференсия ректори МТДФБ ТО «Академияи давлатии тиббии Ижевск», д.и.т., профессор Шкляев А.Е., декани факултети табобатӣ, мудири кафедраи физиологияи патологии МТДФБ ТО «Донишгоҳи якуми давлатии тиббии ба номи И.П. Павлови Санкт-Петербург», д.и.т., профессор Власов Т.Д., мудири кафедраи физиологияи нормалии Донишгоҳи давлатии тиббии Воронеж ба номи Н.Н. Бурденко, н.и.т., дотсент Дорохов Е.В. барои хизматҳои назаррас дар ташаккули илми тиб ва ҳамкории самаранок ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб ба унвони «Профессори фахрӣ»-и МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» қадрдонӣ гардиданд.

Маводҳои Конференсияи мазкур ба шакли маҷмӯаи маводи илмӣ дар 3 ҷилд ба табъ расидааст.  

Дар хотимаи Конференсия Резолютсия қабул карда шуд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои муосири олимони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

 

 

                                      Алишод Ворисов

сардори шуъбаи коргузории Хадамоти ректор

Давлатёр Валиев

рӯзноманигор

 

 


14
13
12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
25.11.2022 561

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php