БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ. «ТИББИ МУОСИР: АНЪАНАҲО ВА ИННОВАТСИЯ»


БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ. «ТИББИ МУОСИР: АНЪАНАҲО ВА ИННОВАТСИЯ»

Дар назар аст, ки 25-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки олимон ва намояндагони донишгоҳҳои як қатор кишварҳои хориҷ ва ҳамчунин, табибону олимони номдори кишвар Конференсияи солонаи илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар мавзӯи «Тибби муосир: анъанаҳо ва инноватсия» баргузор гардад.

Ҷаласаи ифтитоҳии конфронси мазкур субҳи рӯзи 25-уми ноябр дар Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ректори МТДФБ ТО “Академияи давлатии тиббии Ижевск”-и Федератсияи Русия ва дигар меҳмонони хориҷӣ баргузор хоҳад гашт.

Бояд гуфт, ки конфронси мазкур олимони машҳури соҳаи тибро аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва як қатор кишварҳои дигар ба ҳам хоҳад овард.

Ёдовар мешавем, ки кори конфронс дар доираи 6 симпозиум ва 11 бахш (сексия) ҷараён гирифта, дар он мавзӯҳои муҳим ва актуалии соҳаи тандурустӣ ба баррасӣ кашида мешавад.   

Дар зер барномаи конфронси мазкур оварда мешавад:

https://disk.yandex.ru/i/J2AoBS02q3xolw

ХАДАМОТИ РЕКТОР



24.11.2022 475

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php