Сухани табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор Абдуллозода Ҷ.А. бахшида ба Конференсияи 70-умини солонаи илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино»


Сухани табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор Абдуллозода Ҷ.А. бахшида ба Конференсияи 70-умини солонаи илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино»

Ҳамкасбони муҳтарам!

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиён ва меҳмонони Конференсияи дар пешистодаро хайра мақдам мегӯяд. Ин чорабинии муҳим имсол ҷашнӣ аст. Ба ин муносибат мехоҳам кулли иштирокдорон ва меҳмононро табрик намоям.

Боиси хушнудист, ки ин Конференсия шумораи зиёди меҳмонон, мутахассисони баландихтисоси соҳаи худро аз кишварҳои дигар дар як макон ҷамъ оварда, ба ҳар иштирокдори Конференсия имкон муҳайё мекунад, ки таҷрибаю донишҳои нав андӯзад, инчунин, дастовардҳои мавҷударо бо ҳамкасбони худ мубодила кунад. Баргузории чунин чорабиниҳо дар сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ҳам ба таҳкими бевоситаи саломатии инсон ва беҳбуди сифати зиндагии ӯ, ҳам ба такмили худи системаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.

Ба шумо, ҳамкасбони азиз, пешрафти минбаъда дар корҳоятон, фатҳи қуллаҳои нав, сулҳу оромӣ ва некиҳоро таманно мекунам!

 


25.11.2022 505

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php