Сухани табрикотии ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино», д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. бахшида ба Конференсияи 70-умини солонаи илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино»


Сухани табрикотии ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино», д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. бахшида ба Конференсияи 70-умини солонаи илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино»

Ҳампешагони гиромӣ!

Шуморо аз номи маъмурияти МДТ «ДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» барои иштирок дар Конференсияи илмӣ-амалии 70-умини ҷашнӣ бо ширкати намояндагони хориҷӣ зери унвони «Тибби муосир: анъанаҳо ва инноватсия» даъват менамоям.

Конференсияи мазкур дар доираи нисбатан васеътар гузаронида мешавад. Бо дарназардошти он, ки ба Конференсияи мо таваҷҷуҳи миқдори торафт бештари олимон аз хориҷи кишвар зоҳир шуда, на ҳама имкони иштироки мустақим дар онро доранд, барои онҳо имкон фароҳам оварда мешавад, ки бо маърӯзаҳои худ тариқи онлайнӣ баромад кунанд. Ин имкон медиҳад, ки доираи васеътари масъалаҳо бо баҳсу мунозираҳои гармтар мавриди баррасӣ қарор гирад.

Ҳамкасбони азиз! Мехоҳам ба шумо кори пурҳосил ва ҳамкориҳои самарабахшро орзу намоям. Изҳори умедворӣ мекунам, ки кори Конференсия натиҷаовар гашта, ҳар як иштирокдор аз он барои худ ғояҳои нав, робитаҳои корӣ ва таҷрибаи ҷадид пайдо мекунаду тавсияҳое, ки пешниҳод хоҳанд шуд, амалӣ мегарданд.

 


25.11.2022 669

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php