МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ФАЪОЛИЯТИ ДАСТАҶАМЪОНА АСТ


МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ФАЪОЛИЯТИ ДАСТАҶАМЪОНА АСТ

Имрӯз, 26.06.2023 дар ҳакории мутақобилан судманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Раёсати кофтукови  ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба терроризму экстремизм, эҳтиёткорӣ ҳангоми  истифода бурдани сомонаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои дурусти истифодабарии саҳифаҳои интернетӣ бо иштироки намояндагони шуъбаи кушодани ҷиноятҳои махсусан муҳими Раёсати кофукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинати тарбия ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино чорабинӣ баргузор гардид.

Меҳмонон зимни андешаронӣ оид ба масъалҳои гуногуни хавфу хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияти давлату ҷомеа ва фаротар аз он, муқовимат намудан ба ин падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, инчунин, оид ба роҳҳои эҳтиёткорона ва самаранок истифода бурдани саҳифаҳои интернетӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии он маълумот додаанд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ арзёбӣ гардид, ки мо тоҷикон дар фазои орому босуботи Ватанамон – Тоҷикистон сулҳмеҳвар зиндагӣ дорем, бояд барои ҳимояи давлату миллат аз ҳар ҷиҳат омода бошем. Мубориза бо терроризму экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои муқовимат намудан ба терроризиму экстремизм ва дигар падидаҳои хатарнок бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва ҳар қатраи обу хоки сарзамини аҷодиямонро эмин нигоҳ доранд.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор



26.06.2023 643

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php