БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ СИЁСИЮ МАЪРИФАТӢ ВА ФАРҲАНГИЮ АХЛОҚӢ ДАР ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ СИЁСИЮ МАЪРИФАТӢ ВА ФАРҲАНГИЮ АХЛОҚӢ ДАР ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ ДОНИШГОҲ

Дар баробари баргузории чорабинии умумидонишгоҳӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар воҳидҳои сохтории он чорабиниҳои гуногуни сиёсю маърифатӣ ва фарҳангию ахлоқӣ баргузор гардид, аз ҷумла, дар толори лексионии кафедраи травматология, ортопедия ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроии Донишгоҳ бахшид ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултети тиббӣ ҳамоиш баргузор шуда, дар он аз ҷониби иштирокдорон оид ба Парчами давлатӣ андешаҳои муҳим таъкид гардиданд.

Кафедраи травматология, ортопедия ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ

Ҳамчунин, дар толори маҷлисии кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1-и Донишгоҳ миниконфронс дар мавзуи «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардида, дар он ассистенти кафедра Наврузқулова Ш.Ф оид ба вазъи ҳуқуқӣ-конститутсионии Парчами давлатӣ, ки тибқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муқаррар шудааст, маълумот дод.

Дар чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон зимни баромад ишораҳо шуд, ки насли наврасу ҷавони ҷомеаи имрӯзаи миллат ба арзишҳои миллӣ арҷ гузошта, барои муаррифии фарҳангу дастовардҳои халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳон талош намоянд.     

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

 

Имрӯз, 24.11.2022 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2-и МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» суҳбат-вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра, донишҷӯёни факултети педиатрию тиббӣ ва ординаторони клиникию интернҳои кафедра баргузор гардид. Ба чорабинӣ мудири кафедара н.и.т., дотсент Давлатова С.Н. ифтитоҳ бахшида, ассистенти кафедра Точибоева З.А. ва табиб Джумаева Л.Ф. чорабиниро идома доданд. Дар хотимаи чорабинӣ андешаҳои ҷолиби диққат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2

 

Дар кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи М.Ғ. Ғуломов бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки омӯзгорни кафедра, донишҷӯён ва ординатори клиникӣ маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони «Парчам ифтохори мост» баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири кафедра н.и.т. Ғаниева М.Т. иштирокдоронро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфт ва таъкид кард, ки Парчами давлатӣ рамзи давлатию муқаддасоти миллист ва ба маънои том он сарҷамъию иттиҳод, ваҳдату ҳамдилии халқро ифода намуда, мардумро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят мекунад. Дар идомаи чорабинӣ ординатори клиникии соли I Назаров Т.Ш. суханронӣ карда, қайд намуд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дорои таърих, суннатҳои қадимаи давлатсозӣ буда, оини парчамдорӣ барои миллат чун рамзи саодатмандӣ ба мерос мондааст.

Кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи М.Ғ. Ғуломов

Дар толори маҷлисии кафедраи эндокринологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ иштирокдорон оид ба аҳамияти Парчами давлатӣ, бо назардошти заминаҳои ҳуқуқӣ ҳамчун ид таҷлил гардидани Рӯзи Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон маълумот дода, нишонаҳои Парчами давлатӣ ва паҳлуҳои гуногуни санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки тарзи омода кардани Парчами давлатӣ ва истифодаву ҳимояи онро танзим менамоянд, шарҳ дода доданд.

Кафедраи эндокринология

 

Бо ташаббуси муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Раҳимов Т.Ф. бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорони кафедра, намояндаи бахши тарбияи Донишгоҳ, донишҷӯёни факултети тиббӣ ва стоматология дарси кушод баргузор гардид. Дар дар дарси кушод омӯзгорону донишҷӯён ва донишҷӯёни хориҷӣ баромад намуда, оид ба нақши Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баёни ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик ва дигар паҳлуҳои он маълумот доданд.

Дар дарси кушод иштирокдорон бо порчаҳои насрию назмӣ Парчами давлатиро васф карданд.

Кафедраи забони тоҷикӣ

 

 


24.11.2022 495

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php