ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ
Санаҳои 21-ум ва 23-юми ноябри соли 2022 дар кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино миниконференсия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти номи «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд. Дар он омӯзгорони кафедра баромад карда, қайд намуданд, ки Парчами давлатӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо мавҷуд мебошад ва дар пештоқи идораҳои давлатӣ парафшонӣ мекунад. Ба ҷо овардани эҳтиром нисбати Парчами давлатӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи Истиқлоли давлатӣ, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Дар баробари омӯзгорон донишҷӯён низ баромад карда, қайд намуданд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми таърихи Шӯрои Олии Тоҷикистон тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардида, ба сӯи хадафҳои умумимиллӣ сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Имруз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне, оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами давлатӣ бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон эълон доштанд. Ҳамчунин, 30-юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.
Ҳамин тавр, миллати сарбаланди тоҷик бо шарофияти самараҳои шаҳдбори Истиқлоли давлатӣ соҳиби Парчами давлатӣ, яъне, таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони худ гардидаанд.
Муҳамадиева З.А., Қаюмова М.А., Каримова М.Д., Махмудова С.С. омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ