Парчами Тоҷикистон - рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат
Боиси қаноатмандист, ки ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад. Донистани қадри муқаддасоти миллӣ, аз қабили Парчами миллии Ҷумҳурии Точикистон маънои донистони қадри ватан ва арзишҳои онро дорад. Бояд ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар доимо побарҷо бошад ва бояд ҷаҳду талош кунем, ки ба қадри неъматҳои ин ватан бирасем ва барои ободии он софдилона заҳмат намоем. Парчами давлати Точикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстию бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз фурсати муносиб истифода бурда санаи 22. 11. 2022 сол дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб МДТ «ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино» тибқи нақшаи мавзӯӣ-тақвимии дарсҳои кураторӣ бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 4 ва 5 -уми факултаи тиббӣ-профилактикӣ семинари ҷашни бахшида ба ифтихори ин иди фархунда, изҳори эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии ҷумҳурӣ-Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мавзӯӣ «Парчами Тоҷикистон - рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат » гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. Семинарро мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра Шарифзода Ф.Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни бузург яъне Рӯзи Парчами миллӣ табрик намуда, қайд карданд, ки давлатсози ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳануз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Хушбахтона, бо шарофати истиклолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд. Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлол буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат бо Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намудаанд, ки ҳар сол дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз зери Парчами Ваҳдату якдилӣ ба хотири меъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд ва бо рӯҳи болида ин рӯзро таҳлил мекунанд. Бо ин ҷиҳат бояд арҷ гузошт, ки бори аввал дар тӯли зиёда аз 70 соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ, бори аввал парчами ин кишвар ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатӣ тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи Истиқлолият дар тафсир ва шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ танҳо рамзи фарқкунандагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигар Иттифоқ дар фарқият қарор медод. Парчами нав бошад, акнун Тоҷикистонро на ҳамчун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҳумҳурии мустақил миёни зиёда аз 200 давлати дунё тафовут мебахшад.
Миллати тоҷик фарҳангофару давлатсоз буд ва ҳаст. Миллатҳое, ки имрӯз қудратро ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ-парчамдорӣ омӯхтаанд, ки аз ин бояд ҳар як фарзанди тоҷик фахр намоянд.
Баъд аз он донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 5-ум Восиева Зебуннисо бо маърӯзаи худ дар мавзӯи «Парчами миллӣ-рамзи муқаддаси давлатдорӣ» баромад намуд. Инчунин донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 4-ум Авгонов Суҳайлӣ маърӯза дар мавзӯи «Парчам – нишони ифтихор ва рамзи соҳибдавлатист» бо як эҳсосоти баланд баромад карда иброз намуданд, ки бо фаъолияти тиббии худ дар оянда хам дар дохил ва ҳам берун аз он Парчами давлатиро баланд хоҳем бардошт. Донишҷӯён хуб дарк намуданд, ки Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу суббот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлат ҳидоят ва раҳнамоӣ менамояд.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ
ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб