ҲАМОИШИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Имрӯз, 23.11.2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Донишгоҳ бо иштироки муовинони Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва намояндагони кумитаҳои иҷроияи он дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, намояндагони идораҳои гуногуни давлатӣ, варзишгарони маъруф, меҳмони дигари расмӣ, роҳбарият ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон баргузор гардид. Ҷавобан ба мактуби дархостии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба баргузории ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон дар толори бинои асосии Донишгоҳ ва таъмини 300 нафар донишҷӯ бо либоси ягонаи тиббӣ аз 22.11.2022, №226 толор бо фазои идона омода карда шуда, 300 нафар донишҷӯён ва доираи васеи омӯзгорони Донишгоҳ таъмин гардида, дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиши мазкур меҳмону иштирокдорон суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти таърихӣ ва моҳияти имрӯзаи Парчами давлатӣ дар низоми сиёсию ҳуқуқӣ ва давлатдории навини миллии халқи тоҷик, корномаҳои таърихию беназираи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва ҳифзу ҳимояи асолати гузаштаву имрӯзаи Парчами давлатӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, нақши ҷавонон дар боло бардоштани Парчами давлатӣ ва муаррифи шоисти Тоҷикистон дар араси байналмилалӣ тавассути музаффариятҳо дар мусобиқоти гуногуни сатҳи миллию митақавӣ ва ҷаҳонӣ маълумот доданд.
Дар ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ барои татбиқи самараноки сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии Оинномаву барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин, барои хизматҳои арзанда ба халқу Ватан аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо Сипоснома қадрдонӣ гардид. Ҳамчунин, дар ҳамоиши мазкур варзишгарони маъруф, ки Парчами давлатаии Тоҷикистонро бо ҳунарнамоӣ дар мусобиқаҳои гуногнӣ варзишӣ дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардошта, нуфузи Тоҷикистон ва халқи тоҷикро бори дигар оламшумул карданд, бо туҳфаҳои хотиравии арзишманд аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо мақсади татбиқи Оиннома ва барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта, пайваста чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва маърифатиро ташкилу баргузор менамояд.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор