БАРГУЗОРИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Имрӯз, 22.11.2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, намояндагони Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, роҳбарият ва доираи васеъи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Бо гузоштану овезон кардани парчамҳо дар гирду атроф ва дохили биноҳои маъмурию таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фазои хеле фараҳбахши индонаро ташкил намуд. Муовини ректор оид ба корҳои таълимию методии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти Донишгоҳ табрик намуданд. Мавсуф зимни баромадашон таъкид карданд, ки ниёгони арҷманди мо ҳазрсолаҳо таҳти Парчами худ саф кашида, Ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳангро ҳимоя кардаанд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ меҳмонон баромад намуда, оид ба асолати гузаштаву имрӯзаи Парчами давлатӣ, нақши он дар баёни ормонҳои ҳазорасолаи халқи тоҷик ва соҳибихтиёрии Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин, ба паҳлуҳои гуногуни асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии истифода ва ҳифзи Парчами давлатии Тоҷикистон маълумот доданд.
Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ буда, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ба ифтихори дастоварду музаффариятҳои фарзандони далеру ватандӯсти миллат дар майдонҳои варзишӣ ва дигар ҳамоишу мусобиқоти ҷаҳонӣ баробари садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло мешавад ва барафрохта шудани он дар замири ҳар фарди ватандӯсту худшинос эҳсоси пирӯзиву садоқатмандӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллию рамзҳои давлатиро бедор месозад. Бо азму иродаи қавии халқи тоҷик таҳти сарварии роҳабари оқилу дурандеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе боғи «Парчами миллӣ» таъсис дода шуда, дар он Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 метр, дарозиаш 60 метр ва бараш 30 метр барафрохта шудааст.
Дар чорабинӣ зимни баромади меҳмонон оид ба ба решаҳои таърихии оини парчамдории халқи тоҷик ишораҳо шуда, арзёбӣ гардид, ки аз давраҳои бостонӣ Парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд. Дар замони муосир бошад, парчамдорӣ нишонаи соҳибихтиёриву мустақилии миллату давалатро ифода менамояд. Имрӯз халқи тоҷик Парчами давлатии хешро ба унвони яке аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ қабул карда, дар зери ҳамин Парчам дар арсаи олам шинохта шудааст. Парчами давлатии Тоҷикистон дар худ соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву хештаншиносӣ, тамоми аркони давлатдории миллӣ ва ормонҳои халқи номвари тоҷикро ифода менамояд. Парчами давлатии Тоҷикистон дар низоми давлатдории халқи тоҷик ва низоми ҳуқуқии мамлакат аҳамияти хоса дошта, бо асосҳои ҳуқуқӣ танзиму ҳифз карда мешавад. Муқаррар гардидани меъёри мушаххас оид ба рамзҳои давлатӣ, бахусус, Парчами давлатии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабулу дар амал татбиқ гардидани қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатӣ далели эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва пояндагиву ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатӣ муайяну муқаррар шуда, бо асосҳои қонунгузорӣ танзиму таҳким ва ҳифз карда мешавад. Имрӯз дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 майи соли 2007, №254 амал мекунад ва муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба истифодаву ҳимояи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд. Тартиби тайёр намудани рамзҳои давлатӣ, хоса, Прачами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои зерқонунӣ, ки Қонуни мазкурро пурра менамоянд, амалӣ карда мешаванд. Тибқи талаботи Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №659 тасдиқ шудааст, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз андозаи он тибқи талаботе, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, № 499 “Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст, тайёр карда мешавад.
Имрӯз роҳбарият ва тамоми омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар партави дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифтаи сарвари оқилу дурандеш, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судман меандешад. Бо мақсади боло гардидани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, ифтихор аз муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва хотирмон таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни маърифативу сиёсиро дар Донишгоҳ ташкилу роҳандозӣ намуда истодааст. Ба роҳ мондани чунин суҳбату музокира бо донишҷӯён ба боло рафтани эҳсоси ватандӯстию худшиносии миллии онҳо ва иттиҳоду сарҷамъии миллат мусоидати фаъол менамояд.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор