Нақши асари «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи худшиносии миллии ҷавонон.


Нақши асари  «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи худшиносии миллии ҷавонон.

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” аз санаи 17-ум то 18-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби куратори гурӯҳи 1-уми факултети педиатрӣ, муаллими калони кафедра Хоҷаева О.Т. ва ассистенти тарбиявӣ Ашурова Н.П. - куратори гурӯҳи 6-уми факултети педиатрӣ дарси кушод дар мавзӯи: “Нақши асари «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи худшиносии миллии ҷавонон” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юм гурӯҳҳои 9, 14, 15-уми факултети тиббӣ ва гурӯҳҳои 1, 2, ва 6-уми факултети педиатрӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳҳои номбурда Самадов Исмоил, Мирзозода мафтуна ва Собиров Дилшод пурмазмун бо наворҳои видеои пешкаши ҳамагон намуданд.

       Имрӯз мо дар марҳалаи хеле ҳассос ва таьрихи карор дорем. Вазьи ноороми ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани равияҳои гуногуни бегонаи динӣ - иртиҷои ки ба аньана, расму оин, таъриху фарҳанги мо ягон иртибот надоранд, миллати тоҷикро водор месозанд, ки аз ҳарвақта дида бештар ба сулҳу ваҳдат, хамдилию ҳамкорӣ, ахлоқи ҳамида худшиносӣ таьрихию фарҳангӣ рӯ биёрад.

      Дар ҳалли ин масьалаҳо яьне эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва дар ин рӯҳия ташаккул ва такомул ёфтани худшиносии миллат асари бунёди арбоби намоёни давлатию сиёсӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таьрих» нақши муассир дорад.

    Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” як китоби ғайриоддиест дар бораи таърихи Осиёи Марказӣ. Он дар бобати таърих ва асл тавассути ҳиссиёт ва таассуроти тоҷики ҳозиразамон, ки решаҳояш амиқ дар фарҳангу таърихи форсӣ ҷой доранд, ақидаи хеле шахсиро пешкаш менамояд. Ҳеҷ кас беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон мушкилотеро, ки бо он давлати Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мувоҷеҳ мешуд, намедонад ва намефаҳмад. Дар боби аввал ин давраи пуризтироб инъикос меёбад, ки ба ташаккули Тоҷикистони ҳозира ва таҳкими асли тоҷикон овардааст. Дар баъзе мавридҳо дар тамоми китоб ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олами муосир дар партави таърихи навини он ифода ёфтааст ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои асосии демократия ва ваҳдати миллиро муҳокима намудааст.

      Китоб аз ду қисм иборат аст. Қисми якуми он асли фарҳангӣ ва асотирии олами тоҷикро зери қалам оварда, қисми дуюм бошад ба ташаккули давлатдории форсӣ ва ҳинду аврупоӣ ё ориёӣ тамаркуз менамояд. Аз хониш дар бораи дини зардуштӣ, ин танҳо як қадами хурдест ба самти корҳои таърихшиносон, олимон ва шоирони исломӣ, ба монанди ал-Берунӣ ва ал-Масудӣ. Яке аз асарҳои таъсирбахш албатта Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ (т. сс. 940-1020) боқӣ мондааст, ки таърихи олами форсро аз ташаккулёбиаш то заволи Сосониён аз ҷониби арабҳо дар миёнаҳои асри 7 тасвир мекунад.

     Таърихи Тоҷикистон дар бештари мавридҳо бо сулолаи Сомониён муайян карда мешавад, вале он қисмати фарҳанги васеътари форсӣ бо решаҳои хеле қадимтараш мебошад. Эмомалӣ Раҳмон ба хонанда дарки онро, ки чи тавр мардуми тоҷик ба гузаштаи худ ва асли худ нигоҳ дорад, пешкаш мекунад ва аз ин лиҳоз дар унвони китоб “дар оинаи таърих” омадааст. Китоби номбурда хониши хеле ҷолиб барои онҳоест, ки мехоҳанд тарзи тафаккури тоҷикон ва андешаҳои онҳоро оид ба мафҳумҳои гуногун, ба монанди асли миллӣ ва рушди иқтисодӣ фаҳманд. Китоби мазкур барои ҳар сиёсатмадор, соҳибкор, олим ва ё сайёҳи оддие, ки ба олами форсизабон ё Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ дорад, маводи ҳатмист.

     Хулас бояд насли навраси точик кушиш ба харҷ диҳанд то ки ватани азизи худро обод созанд.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


21.11.2022 643

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php