ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БАЁНГАРИ ОРМОНҲОИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК


ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БАЁНГАРИ ОРМОНҲОИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК

«Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд».

                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар радифи масоили дигар ба зарурияти таҳияву таъйини рамзҳои давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Вакилони мардумӣ ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулият дар баробари дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим барои таҳияи тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол табодули афкор карданд ва ниҳоят низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24-уми ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамз – Парчами давлатӣ гардид.

Аҳамияти таърихии Парчами давлатии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки оини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи куҳан дошта, гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо зери Парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардаанд. Парчами давлатии Тоҷикистон нишона аз таърихи халқи тоҷик, дӯстию бародарии ҳамаи миллатҳои сокини мамлакатамон мебошад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо баҳри озодӣ шинохта мешавад. Дар Парчами давлатии Тоҷикистон нишонаҳои муҳимму арзишманди фарҳанги миллати тоҷик, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи соҳибистиқлолӣ инъикос ёфтааст.

Моҳияти асосии Парчами давлатии Тоҷикистон дар баёни ормонҳои миллӣ фаҳму дарк мешавад ва парчамҳои давлатҳои ҷаҳон ишора ба таъриху тамаддун ва ормонҳои ҳазорсолаи миллатамон мекунад. Аз замони эълони лоиҳаҳои Парчами давлатии Тоҷикистон муаллифони гуногун ба таърих мутаваҷҷеҳ шуданд ва унсури асосӣ, яъне, меросбарию ворисияти таърихиро ба инобат гирифтанд ва рамзҳои хоси миллат, ки корномаҳои мондагори халқи тамаддунофари тоҷикро дар худ инъикос менамояд, дар Парчами давлатии Тоҷикистон ҷой доданд. Пас аз таҳияи Парчами давлатии Тоҷикистон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми майи соли 2007, №254 ба тасвиб расид ва ин Қонун муносибатҳоро оид ба истифода ва ҳимояи Парчами давлатии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Маврид ба таъкиди хос аст, ки соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон шуда, бо асосҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 мустаҳкам гардид ва ҳамасола ин рӯз ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо дастоварду музаффариятҳои миллати тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз далели ифтихору эҳтироми халқи тоҷик нисбат ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастии давлат, ифтихори миллат, соҳибихтиёриву соҳибистиқлолӣ, ғурури миллӣ ва номусу ори ватандории халқи бостонии Тоҷикистонро ифода мекунад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Парчами миллӣ ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ буда, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст». Дар робита ба суханони Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудан ба маврид аст, ки дар рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон орзуву ормонҳои халқи тоҷик ифода ёфтааст, аз ҷумла, дар ранги сурх роҳи таърихии тайнамудаи фарзандони фарзонаи тоҷик тавассути ҷонисориҳову корнамоиҳои беназир баҳри расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар ранги сафед ҷавҳари миллати куҳанбунёди моро озодагӣ, олиҳимматӣ ва покизагии ахлоқу маънавият ташкил додан ва дар ранги сабз беҳтарин фазилати халқи тоҷикро ташкил додани заҳмати созандаву ободкорӣ инъикос шудаанд. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ба ифтихори дастоварду музаффариятҳои фарзандони далеру ватандӯсти миллат дар майдонҳои варзишӣ ва дигар ҳамоишу мусобиқоти ҷаҳонӣ баробари садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло мешавад ва барафрохта шудани он дар замири ҳар фарди ватандӯсту худшинос эҳсоси пирӯзиву садоқатмандию эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатиро бедор месозад.

Бо азму иродаи қавии халқи тоҷик таҳти сарварии роҳабари оқилу дурандеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе боғи «Парчами миллӣ» таъсис дода шуда, дар он Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 метр, дарозиаш 60 метр ва бараш 30 метр барафрохта шудааст.

Ҳамин тавр, ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами он муаррифӣ мегардад. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо халқи бостонию шарафмандаш дар зери Парчами давлатии Тоҷикистон барои фатҳи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад. Халқи тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои бузури давлатдорӣ, корномаҳои беназири сулҳофарӣ, иштироки сарбаландонаву муваффақона дар чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ дар бахшҳои гуногуни сиёсату иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг ва равобити сулҳҷӯёнаи байналмилалӣ тавассути боло гардидани Парчами давлатии Тоҷикистон муаррифии шоиста гардидааст, ки ин мояи ифтихори миллати соҳибтамаддуни тоҷик мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон далели давлати пояндаи тоҷикон ва рамзи ифтихори миллати сулҳофари тоҷик аст. Лиҳозо, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, Парчами давлатии Тоҷикистон маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба дастовардҳои бузурги халқи тоҷик, тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои давлату миллат мебошад.

 

Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа

муовини ректор оид ба корҳои таълимию методии

ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, д.и.т., профессор


21.11.2022 387

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php