АСОЛАТИ ГУЗАШТАВУ ИМРӮЗАИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН


АСОЛАТИ ГУЗАШТАВУ ИМРӮЗАИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

“Аз давраҳои бостонӣ Парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчам ва оини пачамдориву парчамбардорӣ таърихи куҳан дошта, ғурури миллӣ ва рукни асосию нишонаи давлатдории халқҳои ҷаҳонро ифода менамояд. Тоҷикон миллати куҳанбунёд буда, оини парчамдориву парчамбардорӣ ва корномаҳои таърихии он то ба имрӯз ҳифз шуда, таҳким ёфтааст. Ниёгони баруманди тоҷик ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби Дирафше буданд, ки мавҷудияти давлаташонро ифода мекард, яъне, аввалин Парчами қадимаи халқи соҳибтамаддуни тоҷик Дирафши Ковиён ном дошт ва ифодагари рамзи ваҳдату ягонагии давлатдории Ориёӣ буд. Дирафши Ковиён дар даврони давлатдории Сосониён бо тағйири шакл, ки дар қисми болоии он паррандаи заррин – мурғи ҳумои бо сангҳои қиматбаҳо ороёфта ҷой дода шуда буд, мавриди истифода буд. Аз мутолиаи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ низ мушоҳида мешавад, ки оини парчамдории ниёгони соҳибтамаддуни тоҷик таърихи қадима дошта, паҳлавонони номвари сарзамини куҳанбунёди тоҷик Парчами хоси худро доштаанд, яъне, аз замонҳои қадим Парчам ҳамчун нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ҳофизаи таърихро ифшо менамояд, ки барои ҳифзи он чӣ набардҳо сурат гирифтаву чӣ корномаҳо сабт шудаанд.

Дар замони муосир парчамдорӣ нишонаи соҳибихтиёриву мустақилии миллату давалатро ифода менамояд. Имрӯз халқи тоҷик Парчами давлатии хешро ба унвони яке аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ қабул карда, дар зери ҳамин Парчам дар арсаи олам шинохта шудааст. Парчами давлатии Тоҷикистон дар худ соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву хештаншиносӣ, тамоми аркони давлатдории миллӣ ва ормонҳои халқи номвари тоҷикро ифода менамояд. Парчами давлатии Тоҷикистон дар низоми давлатдории халқи тоҷик ва низоми ҳуқуқии мамлакат аҳамияти хоса дошта, бо асосҳои ҳуқуқӣ танзиму ҳифз карда мешавад. Муқаррар гардидани меъёри мушаххас оид ба рамзҳои давлатӣ, бахусус, Парчами давлатии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабулу дар амал татбиқ гардидани қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатӣ далели эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва пояндагиву ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяну муқаррар шуда, бо асосҳои қонунгузорӣ танзиму таҳким ва ҳифз карда мешавад. Имрӯз дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 майи соли 2007, №254 амал мекунад ва муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба истифодаву ҳимояи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд. Боби дуюми Қонуни мазкур пурра ба Парчами давлатии Тоҷкистон бахшида шудааст. Дар моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 майи соли 2007, №254 муқаррар шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад. Барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои идораву муассисаҳои гуногун дар мамлакат нишони садоқату эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллӣ мебошад.

“Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад”, -ин нукта аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Дар партави такидҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудан ба маврид аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфӯзи минтақавию ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон аъзои фаъоли онҳо мебошад, парафшонӣ мекунад. Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҳамоишҳои сатҳи олии ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ дар миёни садҳо парчамҳо давлати моро муаррифӣ менамояд. Халқи сарбаланди тоҷик таҳти ҳамин Парчам ба дастоварҳои арзишманду мондагор ноил гардидааст.

Ҳамин тавр, Парчами давлатии Тоҷикистон нишонаи зиндагии осоишта, ҳамдилию иттиҳоди миллат ва умед ба фардои дурахшони халқ мебошад. Доштани Парчами давлатӣ, ки ифодагари соҳибихтиёрии давлат ва иттиҳоду ҳамбастагии миллат аст, мояи ифтихору сарфарозист ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, ба ҷо овардани эҳтироми он масъулияти ватандорию қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Носирӣ Қаҳҳор Нарзулло

сардори Хадамоти ректори

ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, н.и.т., дотсент

 


19.11.2022 584

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php