АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ-ҲУҚУҚИИ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН
“Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар Ҷумҳурии Тиҷикистон вазъи ҳуқуқии истифода ва ҳимояи рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, Парчами давлатии Тоҷикистон бо меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 майи соли 2007, №254, Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №659 тасдиқ шудааст, инчунин, Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, № 499 “Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 14 марти соли 2007 амалӣ карда мешавад.
Баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ба масъалаи таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии истифода ва ҳимояи онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешуд. Ҳануз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади барқарор сохтани рукнҳои давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда буд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол соҳиби аввалин рамз – Парчами давлатӣ гардид. Пас аз қабули Конститутсия моҳиятан миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994, ки дар он воқеияи соҳибистиқлолию соҳибихтиёрии давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ифода ёфтааст, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он муқаррар шудааст. Мутобиқи талаботи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст. Тавре, дар боло қайд шуд, дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 майи соли 2007, №254, мавриди амал қарор дорад ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро ҳамчун рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Дар муқаррароти умумии Қонуни мазкур қайд шудааст, ки эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла, аз ёд донистани Суруди Миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад. Ҳамчунин, дар моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 майи соли 2007, №254, пешбинӣ шудааст, ки тартиби таёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Тартиби тайёр намудани рамзҳои давлатӣ, хоса, Прачами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои зерқонунӣ, ки Қонуни мазкурро пурра менамоянд, амалӣ карда мешаванд. Тибқи талаботи Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №659 тасдиқ шудааст, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз андозаи он тибқи талаботе, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, № 499 “Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст, тайёр карда мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз андозаи он ҳангоми тайёр кардан бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №499 “Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст, мутобиқат намояд.
Дар Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, № 499 “Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 14 марти соли 2007 чунин омадааст:
«1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тасвири зайл тасдиқ карда шавад:
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рўи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рўи рахи сафед, аз ҷои чўбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.
Тоҷ ва ситораҳои Парчам дар шакли росткунҷа ҷой дошта шудаанд, ки паҳлўи амудиашон 0,8 паҳлўи уфуқиашон 1,0 паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгўша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой гирифтаанд.
Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и паҳнои рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 - рахи сафед васл гардидаанд».
Дар ин замина таъкид намудан ба маврид аст, ки дар баробари тартиби танзими иситифодаи рамзҳои давлатӣ бо асосҳои қонунӣ, инчунин, риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳқири рамзҳои давлтии Тоҷикистон дар қонунгузории амалкунанда ҷавобгариҳо низ муқаррар шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 83-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст. Мутобиқи моддаи 342-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамин тавр, Парчами давлатии Тоҷикистон дар низоми давлатдории халқи тоҷик ва низоми ҳуқуқии мамлакат аҳамияти хоса дошта, бо асосҳои ҳуқуқӣ танзиму ҳифз карда мешавад. Муқаррар гардидани меъёри мушаххас оид ба рамзҳои давлатӣ, бахусус, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабулу дар амал татбиқ гардидани қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатӣ далели эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва пояндагиву ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор