Фарҳод Одинаев (1945-2022)


Фарҳод Одинаев (1945-2022)

Фарҳод Одинаев

(1945-2022)

17 ноябри соли 2022 қалби пурҳарорати яке аз устодони варзидаи донишгоҳ, табиби номӣ, Ходими шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Фарҳод Исматуллоевич Одинаев аз тапидан бозмонд.

Ф. И.Одинаев 3.08.1945 дар деҳаи Ховалинги ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, баъди хатми ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1968) фаъолияти худро ба ҳайси ассистенти кафедраи терапия бо курси бемориҳои касбии донишгоҳ (1968-1990) оғоз намудааст. Солҳои 1990-93 Ф.И.Одинаев ҳамчун сартерапевти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, солҳои 1993-2008 ба сифати директори Пажуҳишгоҳи пешгирии бемориҳо ва солҳои 2008-10 ҳамчун сартабиби беморхонаи ҳамин пажуҳишгоҳ фаъолият намудааст. Аз соли 2010 то охири умр вазифаи профессории кафедраи бемориҳои дарунии №1-ро бошарафона иҷро намуда, дар миёни аҳли кафедра ҳамчун шахси ҳалиму меҳрубон, омӯзгори серталабу ғамхор шинохта шуда, соҳиби эҳтироми самимӣ гашта буд.

Профессор Ф.И.Одинаев ба ҳайси олими варзидаи соҳа дар таълиф ва таҳияи якчанд китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ фаъолона ширкат варзида, бештар аз 250 мақолаи илмии устод оид ба масъалаҳои мубрами соҳа дар нашрияҳои гуногуни илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он ба табъ расидаанд, ки ҳар кадоми онҳо дар кушодани гиреҳҳои нозуки бемориҳои дарунӣ нақши босазо гузоштаанд. Аз ҷумла доир ба хусусиятҳои эпидемиологӣ, клиникӣ ва патогенезу ҷараёни бемории дилу рагҳо, бронху шуш ва масоили ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ тадқиқотҳои арзишманд анҷом додаанд.

Хотираи неки олми варзида, устоди мушфиқу меҳрубон, табиби ҳозиқу кордон ва инсони соҳибдилу некном Фарҳод Исматуллоевич Одинаев дар хотираи наздикону пайвандон, ҳамкорону шогирдон ва ихлосмандони зиёди ин марди шариф абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Раёсат ва Шӯрои олимони МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино»

 


18.11.2022 559

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php