Коррупсияро решакан бояд кард


Коррупсияро решакан бояд кард

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” санаи 16-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби ассистентони кафедра Муродов Ғ.З. ва Ашурова Н.П. дарси кушод дар мавзӯи “Коррупсияро решакан бояд кард” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ гурӯҳҳои 14, 15, ва 69-ум гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳҳои номбурда Абдуллоева Зебуниссо ва Абдуллозода Бибисобира пурмазмун бо наворҳои видеои пешкаши ҳамагон намуданд.

Коррупсия чист?

   Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъияти буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то замони имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар Бобулистон дар нимаи дуюми асри ХIV, дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Истилоҳи «КОРРУПСИЯ» аз калимаи лотинии «corruptio» гирифта шуда маънои -фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурухтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахси фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳама давру замонҳо аз чониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Коррупсия- ҳамчун амали номатлуб!

   Имрӯзҳо яке аз праблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бисёр фикру акидаҳо пешкаш шудаанд. Ҳамчунин дар яке аз ҳуҷҷатхои СММ оид ба мубориза бо коррупсияи байналхалқи қайд шудааст, ки коррупсия ин – суйистеъмол аз ҳокимияти давлати бо мақсади ғаразнок ба манфиати шахси аз тарафи шахси мансабдор аст. СММ дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардида, ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосирро гирди акидаи муқовимат бо коррупсия, чун монеаи рушд, муттаҳид гардонидааст. Барои пешгири аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 КОНВЕНСИЯИ СММ зидди коррупсия қабул карда шуд.

Оқибатҳои манфии Коррупсия:

   Қонун беқудрат ва беамал мегардад, дар шуури ҷамъияти таассурот оид ба ҳимоятнашаванда будани шаҳрванд ҳам дар назди ҳокимият ва ҳам дар назди ҷинояткорӣ ташаккул меёбад.

   КОРРУПСИЯ- ба тақсимоти ноодилонаи сарватҳои ҷамъияти ба манфиати гуруҳҳои хурд аз ҳисоби табақаҳои таҳкиршудаи аҳоли бо шиддат шудани ҷудошавии иҷтимоӣ ва нобаробарии иктисодии аҳолӣ, қашшоқ гаштани қисми зиёди аҳолӣ ва баланд гаштани шиддатнокии ичтимоӣ дар давлат мусоидат мекунад.  

 

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона.


17.01.2023 569

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php