Ҷашни «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ.


Ҷашни «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ.

    Дар мачлисгоҳи МТИК “Стоматология” бо иштироки мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т., Ёраков Ф.М. ва муаллими калони кафедра Таибов С.А. ҳамзамон ҷониши ҲХДТ дар донишгоҳ баргузор гардид. Мудири кафедраи стоматология муолиҷавӣ н.и.т., Ёраков Ф.М. баромад намуда иброз кард, ки боиси ифтихори мо тоҷикон аст,ки ҳамасола рӯзи 16-уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн мегирем. Дар баробари соҳибистиқлол гардидан Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид сохта, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқи шаҳрвандӣ хотима бахшад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат, Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким ёфт ва ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Президенти кишвар аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя ба хиради волои хеш ва равиши сиёсати «дарҳои кушода», сулҳдӯстӣ ва беғаразӣ, бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносиботи дӯстонаи ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор сохтаву минбаъд онҳоро таҳким бахшид.Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии Сарвари оқил Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвару соҳибмаърифат ва меҳнатдӯсти тоҷик гардидаем. Бо боварии том гуфта метавонем, ки сулҳу ваҳдат дар мамлакат пояҳои устувор дорад ва дар кори боз ҳам пойдору устувор гардонидани онҳо дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.Президенти кишвар ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуданд. Бояд ҳамаи ин дастовардҳоро ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад. Асоси пойдории сулҳу амнияти Ватан ва осудагии халқу кишвар Пешвои миллат аст, ки ба шарофати ин родмарди асил имрӯз мо ҷашнҳои кишварро бо хотири ҷамъу болида таҷлил мекунем. Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки ӯ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад. Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд.

         Муаллими калони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Таибов С.А. баромад намуда кайд кард , ки имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Ин фарҳанги сулҳофарии ӯ мӯҷиби ҳайрати ҷаҳониён аст ва ин сифат буд, ки имрӯз не, имсол не, балки 29 сол қабл ӯ чун пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуда буд ва бо мардумаш ҳаст. Эмомалӣ Раҳмонро фарҳанги сулҳу ваҳдатофаринияшон пешво кард. Фарҳангҳои аз дастрафтаро эҳё бахшиданашон ӯро раҳнамои миллат сохт. Ин ҳам падидаи фарҳангист, ки ӯро акнун Пешво меномем.. Ин бунёдҳо рисолати ҳазорсолаҳо барои наслҳои минбаъда дошта, чун як санади кафолат дар роҳи шинохти ҳастии миллати тоҷик мебошад. Бо эътимоду қаноатмандӣ иброз медорем, ки зери роҳнамоии ин абармарди миллат маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносӣ ба маротиб боло меравад.

Албатта танҳо бо чанд ҷумлаву сафҳаву китобе тамоми хизмату заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллатро дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорию созандагӣ баён намудан корест сахту сангин ва муҳол. Бовар дорем ин ҳама хизматҳову заҳматҳо дар садҳо ҷилд рӯи коғаз меоянд, бо хатти заррин дар таърихи ТОҶИКИСТОН сабт мегарданд, имрӯзиён аз он меболанд ва наслҳои оянда аз он ифтихор мекунанд.

Эй чеҳраи пурзиёи миллат,хуш бош,

Шоистатарин бақои миллат,хуш бош.

Дар роҳи мурод бо шумоем,Шумо,

Эй роҳбари раҳкушои миллат,хуш бош.

Худованди мутаол пирузии сулҳу ваҳдатро ба мардуми тоҷик муборак гардонад ва мо бояд дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумуи кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошем ва фазои сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.Хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро гиромӣ доштан, роҳи интихобнамудаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо - шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

   

 

 

 

Мудири кафедраи стоматологияи

муолиҷавӣ н.и.т.,                      Ёраков Ф.М.


17.11.2022 531

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php