Loading...
АСОСӢ
Устодони мо
Шукуров Фирӯз Абдуфаттоевич

Шукуров Фирӯз Абдуфаттоевич

img

Шукуров Фирӯз  Абдуфаттоевич  (тав. 17.  04.  1946,   ш.  Кӯлоби  вил.  Хатлон),  физиолог,   доктори  илмҳои  тиб  (1995).   Хатмкардаи  ДДТТ  (1971). Ординатор  (1971– 73), аспирант (1973–   75) ,   ассистент (1975  –  82),  дотсенти  кафедраи  физиология  (1982  –  95), ноиби  ректор  оид  ба корҳои   тарбиявӣ (1996  –  2003)  ва  аз с. 2003  то с.2016 мудири  кафедраи   физиологияи эътидолии  ДДТТ.  Дар  мавзӯи  «Тавсифи  кори  дил  дар  ҷараёни  мӯътодшавии  одам ба  шароити  баландкӯҳ»  рисолаи  номзадӣ  ва дар  мавзӯи  «Хусусиятҳои  физиологии  меъёрҳои  баҳодиҳӣ  ва  пешгӯии  мӯътодшавии фардии  одам  ба  шароити  баландкӯҳ»  рисо-ла  докторӣ  дифоъ  намудааст.  Дар  Институти марказии такмили  ихтисоси духтурони ш. Москва  (1981),   Инситути  1-уми  тиббии  Москва ба  номи  И.  М.  Сеченов  (ҳоло  Академияи тиббии  Москва;   1987),  Институти  марказии  тарбияи  ҷисмонии  Москва  (1991)  маҳорати  кас-биашро  баланд  бардоштааст.  Муаллифи зиёда аз 150 таълифоти илмӣ мебошад, ки ба масоили баҳодиҳӣ ва пешгӯии самараи мӯътодшавии  одам  ба  шароити  баландкӯҳ, дараҷаи  саломатӣ ва  тобовар  гардондани организм  ба  таъсири  стресс  бахшида  шудаанд.  Аз  с.  1996  роҳбари  барномаи  комплексии тадқиқот  дар мавзӯи  «Масъалаҳои саломатии  ҷавонони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва роҳҳои  баланд  бардоштани  имконоти  функсионалии  организм»  ва  аз  с.   2008  роҳбари барномаи  комплексии  тадқиқот  дар  мавзӯи «Вазъи  системаи  марказии  асаб,   фаъолияти олии  асаб  ва  системаи  масунияти  одам  дар мавриди  стрессҳои  гуногун»  аст.  Бо  мақсади  афзун  гардондани  майлу  рағбати  донишҷӯён  ба  омӯзиши  фанни  физиологияи эътидолӣ аз с.1996 зери роҳбарии Шукуров Ф.А. бозиҳои гуногуни  шавқовар  гузаронида  мешаванд.
Таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ  намудааст.  Бо  медали  «Хизмати  шоиста»  мукофотонида  шудааст.
Таълифоти илмӣ:  Тесты  для  контроля  знаний  по  курсу  нормальной  физиологии  (дастури  таълимӣ).  Д.,  1997; Нормальная  физиология  в  схемах  и  рисунках.  Д., 1 99 8;   Обща я  физиология.   Д. ,  1999 ;  Физиология транспортных  систем.  Д.,  2004;  Физиологии  пищеварения,  обмена  веществ,  терморегуляции,   выделения  и  эндокринной  системы.  Д.,  2005;  Краткий курс нормальной  физиологии.  Д., 2006;  Основы  нормальной  физиологии  (луғати  физиологӣ).  Д.,  2007; Тетрадь  для лабораторных занятий и самостоятельной  работы  по  нормальной  физиологии  (иборат  аз 2  бахш),  Д.,  2008.