Loading...
АСОСӢ
Устодони мо
Усмонов Неъматулло Усмонович

Усмонов Неъматулло Усмонович

img

Усмонов  Неъматулло  (тав.   6.  1.  1929, Самарқанд),  ҷарроҳ,  доктори  илмҳои  тиб (1969),   профессор (1970),  Арбоби  шоистаи  илми ҶШС  Тоҷикистон  (1979). Узви  пайвастаи  АИ ҶТ  (2001),  барандаи Ҷоизаи  давлатии Тоҷикистон  ба  номи Абӯалӣ ибни Сино (2003).   Баъди  хатми Институти  тиббии  Самарқанд  (1950)  то  с. 1952  ординатори клиникаи  ҷарроҳияи  умумии  ҳамон институт  буд.  Муаллими  мактаби  фелдшерию акушерии  Самарқанд  (1952  –  1953),  ординатор,  аспирант,  ассистент  ва  дотсенти  кафедраи  ҷарроҳияи  умумии  ДДТТ  (1953–1964).   Таҳсил  дар  докторантураи  кафедраи ҷарроҳии  госпиталии  Институти  тиббии  1-уми Ленинград  ба  номи  И.  П.  Павлов  (1964–1969).   Аз  с.   1970  мудири  кафедраи  ҷарроҳии госпиталӣ  (ҳоло  кафедраи  бемориҳои  ҷарроҳии  №2)-и  ДДТТ.  Усмонов Неъматулло   муаллифи  496 китобу мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 8 монография, 13  дастури  методӣ,  3  китоби  дарсӣ, 80  таклифоти  навоварӣ,  шаҳодатномаҳои муаллифӣ  ва  ихтироъот  мебошад.  Пажӯҳишҳои  Усмонов  асосан  ба  масъалаи  захми  меъда ва рӯдаи 12-ангушта, сиррози ҷигар, ташхис ва  ҷарроҳии бемории  санги талхадон, ҷарроҳии ҷоғар, ташхису ҷарроҳии омоси ғадудҳои  болои  гурда,  бемориҳои  римдори шуш,  эхинококкоз,  ҷарроҳии  трахея,   бронхҳо  ва  омоси  шуш,   ҷарроҳии  шоҳраг  ва  ра-гҳои  хунгузар,  ишемияи  музмини  дастҳо, захми  тир,  ҷарроҳии  нуқси  дил  ва  ғ.  бахшида шудаанд.  Усмонов Неъмутлло аввалин шуда  дар ҷумҳурӣ усулҳои  зерини  ҷарроҳиро  таҳия  ва  истифода  кардааст:  ваготомияи  захми  меъда  ва рӯдаи  12-ангушта;  склеротерапияи  эндоскопӣ ҳангоми хуншории сурхрӯда; холангиоскопияи  амалиётӣ  ҳини  ос еби  роҳҳои  тал-хагузар  дар  мавриди  бемории  санги  талхадон;   тармими  трахея ҳангоми  шудани он  бинобар  пайдоиши  омоси  ғайрис аратонӣ; торакоскопия  ҳини  эхинококкози  шуш;   аортографияи  транслюмбалӣ  ҳини  алоими Лериш;  перикардэктомияи  зина  ба  зина  ҳини перикардитҳо;   ҷарроҳии  дил  бо  истифода  аз дастгоҳи  хунгардиши  сунъӣ;  аденомэкто-мияи ғадудҳои сипаршакли ҷуфт ҳини ги-перпаратиреозҳо;   буридан  ва  қатъ  кардани ғадуди  болои  гурда  ҳини  гиперплазия  ва омосҳои  ҳормонфаъоли  он;  бронхография ҳини бемориҳои римдори шуш ва ғ. Авва-лин  шуда  дар  собиқ  ИҶШС  таъсири  лазерро  ба  ҷисми  ҳайвонот  дар  шароити  ба-ландкӯҳ  омӯхтааст. Зери  роҳбарии  У.   29  наф.   рисолаҳои  ном-задӣ  ва  6  наф.   рисолаҳои  докторӣ  ҳимоя  кардаанд. Таҳти сарварии Усмонов Неъматулло с. 1975 Маркази ҷумҳуриявии  рагҳо,  с.  1985  Маркази  ҷумҳуриявии  микроҷарроҳӣ  ва  с.  1992  Маркази ҷумҳуриявии  дилу  рагҳо  ва  ҷарроҳии  шуш ташкил  ёфтанд.  Аъзои  Ассотсиатсияи  аврупоии  ҷарроҳони  дилу  рагҳо  ва  сандуқи  сина (Британияи Кабир),  аъзои  Ассотсиатсияи ҷарроҳони  Тоҷикистон,   узви  Институти  библиографии  Америка.  Солҳои  1985  –  1993  раиси Ҷамъияти  ҷарроҳони  Тоҷикистон,  1988  –  92 аъзои  Раёсати ҷамъияти  умумииттифоқии ҷарроҳон  ва  ҷарроҳони  дилу  рагҳои  ИҶШС буд.  Бо  ифтихорномаи Шӯрои  Олии  ҶШС Тоҷикистон  сарфароз  гардонда  шудааст.
Таълифоти илмӣ:  Диагностика  и  лечение  заболеваний  веннижних  конечностей,   Д. ,  1 98 2;   Хирургия  травм сосудов  и  их  осложнений,  Д.,  1991;  Диагностика и хирургическое  лечение  сочетанных   окклюзирующих  поражений  брюшной  аорты  и  брахиальных артерий,  Д.,  1993;  Лечение  острых  инфекционных деструкций  легких,  Д.,  1993;  Хроническая  ишемия верхних   конечностей,  Д. ,  19 99;  Современные  аспекты  комплексного  лечения  острых  легочных  нагноительных  заболеваний,  Д.,  2002;  Диагностика и  лечение  осложненных  форм  эхинококкоза   легких,  Д.,  2004;  Новые  аспекты  диагностики  и  лечения  хронических  перикардитов,  Д.,  2007.