Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Имтиҳони хатми шунавандагони навбатии курсҳои ихтисосгирии аввалия

Имтиҳони хатми шунавандагони навбатии курсҳои ихтисосгирии аввалия

2018-02-09 /  Автор:Editor /  Диданд:351

Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ ва нақшаи таълимӣ баъди ба итмом расидани муҳлати таҳсили шунавандагони курсҳои ихтисосгирии аввалия аз рӯи барномаҳои «Ташхиси ултрасадоӣ», «Ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ», «Стоматологияи ортопедӣ» ва «Физиотерапия» дар санаи 07.02 соли 2018 имтиҳони хатми курсҳои мазкур баргузор гардид. Комиссияи имтиҳонӣ зери раисии муовини ректор оид ба илм ва нашрия, д.и.т., профессор Ибодов С.Т. сатҳи дониши азхуднамудаи шунавандагонро санҷид. 
Аз рӯи барномаи «Ташхиси ултрасадоӣ» 13 нафар, аз курси «Ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ» 2 нафар ва аз рӯи барномаҳои «Стоматологияи ортопедӣ» ва «Физиотерапия» - ҳар кадом 1 нафарӣ имтиҳонро бомуваффақият супориданд. 
Қайд кардан ҷоиз аст, ки қисми бештари хатмкардагони курсҳои ихтисосгирии аввалия тибқи дархостҳои муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ихтисосҳои барои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ зарурӣ ба таҳсил қабул гардида буданд.  
Корҳои дар ин самт иҷрогашта аз он шаҳодат медиҳанд, ки Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ ва кафедраҳои донишгоҳ барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни соҳаи тандурустии кишвар ба кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои ташхиси ултрасадоӣ, ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ, физиотерапия ва стоматологияи  ортопедӣ дар оянда низ тайёр аст саҳми арзандаи худро гузорад. Бо боварии том метавон гуфт гуфт, ки  хатмкунандагони курсҳои зикрёфта дар беҳтаркунии сифати тандурустии ватанӣ ва солимгардонии ҷомеа саҳмгузор хоҳанд буд.    
 
Сардори Маркази таҳсилоти
 баъдидипломӣ, н.и.т., дотсент
Қобилов Қ.К.