Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Терроризм - хатари бузурги ҷомеа

Терроризм - хатари бузурги ҷомеа

2018-02-12 /  Автор:Editor /  Диданд:70

«Мубориза бо  терроризм ва экстремизм муборизаи мушт-араки кишварҳои дунёро тақозо менамояд»
Эмомалӣ Раҳмон
Терроризм зуҳуроти мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандасра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатона мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Пайдоиши калимаи «террор» дар забони лотинӣ бо ду маъно дарҷ гардидааст:
1. Дар маънои  «тарс», даҳшат»;
2. Дар маънои  « предмети тарс», «вахмандозандаи ҳолат»;
Мувофиқи моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон терроризм яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи  оташфишон  ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар  ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъяитӣ, тарсонидани аҳолӣ, расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият  қабул намудани  қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои  зикршуда бо ҳамин мақсадҳо.
Объекти ҷинояти дидашаванда бехатарии ҷамъиятӣ ва амнияти давлат мебошад. Терроризм ҳамчун ҷинояти характери байналмиллалӣ дошта сарҳад надорад. Худи террорист  бошад ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ғайр аз ин чӣ тавре, ки Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: « Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад» .
Терроризм ҷинояте мебошад, ки ба якчанд объект равона кар-да шуда, пеш аз ҳама ба амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ходими ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият халал ворид месозад.
Бо таъсири ваҳмангези худ терроризм ё ба доираи васеи шаҳрвандон ва чун қоида ба доираи номаълум, баъзан ба аҳолии тамоми  шаҳру ноҳияҳо ё ба шахси мансабдори мушаххас ва мақо-моти ҳокимият, ки дорои ҳуқуқи қабул намудани  қарорҳои ташкилотӣ идоракунӣ мебошанд, равона карда шудааст.
Тарафи объективии ҷиноят дар содир намудани чунин ҳаракатҳо ифода мегардад:
1. содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон;
2. дигар кирдорҳое, ки боиси хавфи марги одамон мегардад;
3. расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк;
4. ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок;
5. таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда;
Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумхурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим ба монанди таъмини амни-яти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Хатари терроризм ва экс-тремизм баъди ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 пайдо шуд.
Сабабҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм инҳо буда метавонанд:
-сатҳи пасти дониши  динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ ва идеологӣ;
-хоҳиши табадуллот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
-пайдо намудани шавқ ба фаолияти нав;
-ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
-коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ ;
-хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ;
-поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
-дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
-фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо;
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон,  ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.
Мо бояд чиҳатҳои манфии ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро дарк намоем ва донем, ки терроризм ин хатарест, ки мисли як бемории паҳншаванда метавонад тамоми ҷамъият ва давлатҳоро сироят намояд. Ин зуҳуроти номатлуб зиндагии орому осоиштаи мардумро халалдор намуда, боиси марги шахсони бегуноҳ ва аз кор мондани иншоотҳои ҳаётан муҳими  иқтисодии давлат мегардад. Манзили зисти одамон хароб гашта, дар як рӯз якчанд хонаводаро ғаму кул-фат фаро мегирад.
Пас аз ин ҷо бармеояд, ки терроризм ва амалхои террористӣ ба беҳбудии ҷомеа ягон робитае надошта, баракс равиши бонизоми ҳаёти ҷомеаро дар хатар меандозад. Ҳарчанд, ки ташкилотҳои тер-рористӣ ва террористон доимо дар даъватҳои худ таъкид мекунанд, ки онҳо бо фаъолияти худ мехоҳанд ҳаёти мардумро беҳтар созанд, вале дар асл ин кори онҳо ба ғайр аз ба даст овардани манфиати сиёсиву иктисодӣ чизи дигаре беш нест.
Аслан террористон ба ташвиқоту тарғиботи муддаиёни ташкилотҳои  террористӣ дода шуда, аксар вақт худ надониста мемонанд, ки чӣ тавр ба як ҷузъи нақшаи бузурги ваҳшатангез ин  ташкилотҳо табдил меёбанд. Онҳо кӯркӯрона ба суханҳои муддаиён ва роҳбарони ин ташкилотҳо пайравӣ намуда, асли масъаларо  мулоҳиза ва дарк намекунанд. 
Терроризм дорои таърихи  дуру дароз аст, вале терроризми давраи нав хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар замони навин ташки-лотҳои террористӣ аз тамоми роҳҳои тарғиботу ташвиқот фаолона истифода мебаранд. Аз ҷумла аз шабакаи интернет, ки дар онҷо ин ташкилотҳо сомонаҳои худро кушодаанд ва ин сомонаҳо аслан вазифаи тарғиботӣ доранд. Наврасону ҷавононе, ки таҷрибаи кофии зиндагӣ  ва дониш надоранд, ба ташвиқоту тарғиботи ин сомонаҳо фирефта шуда, ба сӯи онҳо мегараванд ва дар фикри «ҷиҳод» меафтанд.  Дар ин сомонаҳо ташкилотҳои террористӣ танҳо фаолияти худашонро соф ва пок номида, дигарон бошанд ба гуфти онҳо ҳама корашон «куфр» ва «бидъат» аст. Ин сомонаҳо ташвиқ мекунанд, ки ҷавонон бо онҳо якҷоя бар зидди тамоми дигар сохторҳо, ки аслан  кори онҳо ҳеҷ нодурустӣ ва зидди исломӣ надорад ба «ҷиҳод» бароянд.
Бинобар ин зарурияти ин масъаларо ба назар гирифта, аксари давлатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм пурзӯр менамоянд. Давлатҳои ҷаҳон дар сатҳи СММ ва дигар созмонҳо ин масъаларо якчанд маротиба баррасӣ намуда, қарорҳои зиёде дар сатҳи байналмиллалӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб қабул намудаанд. 
Қонуни аввалин дар бораи мубориза бар зидди терроризм дар соли 2000 дар Англия қабул шудааст. Дар аксар давлатҳои дунё низ чунин қарору қонунҳо қабул шудаанд ва фаъолият мекунанд. Аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ «Қонун дар бораи мубориза бар зидди терроризм» амал мекунад, ки ҷиҳатҳои ҳуқуқии ин масъаларо танзим менамояд. Инчунин «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» қабул гардидааст, ки тамоми сохтору идораҳои давлатӣ ва хусусиро муваззаф месозад, ки дар ҳалли ин масъалаи душвор саҳми худро гузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори назоратӣ раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералӣ фаъолият менамояд, ки дар таъмини амнияти давлатӣ саҳми бузург дорад.
Албатта, пешгирии терроризм барои ҳифзи бехатарии ҷомеа  ва давлат хеле муҳим аст. Ин масъаларо ба назар гирифта  ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни профилактикиву фаҳмондадиҳиро дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳури ва дигар  сохторҳо  корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи шахсони мутасаддӣ  ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд.
Умед ҳаст, ки ин чорабиниҳову корҳои фаҳмондадиҳӣ боиси баланд гаштани маърифати ҳуқуқии мардуми мо гашта, ҷомеаи мо бидуни ин зуҳӯроти номатлуб дар фазои орому осоишта арзи ҳастӣ хоҳад кард.
Н.П. Зоирова,
асистенти кафедраи
дерматовенерология,
С.С. Бозоров,
ординатори кафедра