Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Робитаи Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» бо васоити ахбори омма (ВАО)

Робитаи Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» бо васоити ахбори омма (ВАО)

2018-01-13 /  Автор:Editor /  Диданд:102

 

 
Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» бо ВАО робитаи зич дорад. Аз он ҷумла, кормандони марказ дар шабакаҳои иттилоотии телевизионии «Тоҷикистон», «Душанбе», «Сафина» ва радиои «Фарҳанг ва садои мардум» бо чунин маърӯзаҳо баромад намуданд:
 Оид ба кушодашавии Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»;
 Тарбуз ва хусусиятҳои табобатии он;
 Хусусиятҳои табобатии барги зуф, чормағз, хуч ва писта;
 Дуруст тайёр намудани дамоба ва обҷӯшҳо аз растаниҳои шифобахш;
 Хусусиятҳои табобатии решаи ширинбия;
 Алафи чойкаҳак ва хусусиятҳои шифобахши он.
Инчунин, дар ҳафтаи сипаришуда директори Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» Раҷабов Г.О. дар шабакаи иттилоотии телевизионии «Тоҷикистон» дар мавзӯи «Хусусиятҳои табобатии меваи хуч ва тариќи дуруст тайёр намудани обҷӯш аз он» ва «Ҷаҳоннамо» -  андешаҳо оиди паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи пастсифат будани маводи доруворӣ ва пеш нарафтани саноати дорусозӣ баромад намуд.
 
Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»