Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Гунаҳгорон ҷазо хоҳанд гирифт

Гунаҳгорон ҷазо хоҳанд гирифт

2017-12-07 /  Автор:Editor /  Диданд:86

 

      Баёнияи иттилоотии ҲНИТ дар бораи озодии Мирзораҳим Кузовро, ки аз хусуси авф шуданаш аз ҷониби Додгоҳи олии Юнон қисса мекунад, хонда ба хулосае омадем, ки дар ҳақиқат созмонҳои ифротию экстремистӣ дар хориҷи кишвар «соҳибони»-и худро доранду дар лаҳзаҳои мушкил ба дастгирии онҳо умед мебанданд. Агар ин тавр нест, пас чаро шахсе, ки бо дархости органҳои салоҳиятдори як давлати мустақил аз тарафи Интерпол дастгир шудааст, ин қадар ба зудӣ бегуноҳ бароварда ба озодӣ мебарояд. Чаро додгоҳи чунин як давлати аврупоӣ далелҳои айбдории Мирзораҳим Кузовро пурсон нашуда, бо  чанд баёноти шифоҳии ҳаммаслакони ӯ иктифо намудааст ва бо ҳамин ӯро бегуноҳ бароварда ҳукми озодӣ додааст. Беҳтар он буд, ки Додгоҳи олии Юнон дар ҳамкории ҳамтоёни тоҷики худ ин қазияро ҳаматарафа пайгирӣ намуда, қазияи дурусту холисона мебаровард.
 Гуноҳу ҷиноятҳои ҲНИТ на танҳо ба халқи тоҷик, балки аллакай ба тамоми мардуми озодфикри ҷаҳон маълум гаштааст ва Мирзораҳим Кузов яке аз онҳоест, ки тайи чанд сол бо ин ҳизби ифротӣ ҳамкорӣ намуда, боиси бадбахтии садҳо одамони бегуноҳ гаштааст ва мерасад рӯзе, ки ин нафарони хиёнатпеша бо ҳама аъмоли содиркардаашон дар назди халқу Ватан ҷавоб хоҳад гуфт.

Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино