Loading...

АСОСӢ
АХБОР
Чорабинӣ бахшида ба Иҷлосияи тақдирсоз

Чорабинӣ бахшида ба Иҷлосияи тақдирсоз

2017-11-14 /  Автор:Admin /  Диданд:91


Кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ” дар асоси нақша- чорабиниҳои кафедра оиди сазовор пешвоз гирифтани 25- солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон чорабиниҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст. Ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ  13.11.2017 аз ҷониби муаллими кафедра, н.и.т. Абдураҳмонов З дар потоки якум ва шашуми факултети тиббӣ  презентатсия дар мавзӯи “Аз сӯзиш то созиш”-ро гузаронида шуд. Дар рафти презентатсия аксҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ бо сарлавҳаҳои мувофиқ ҷой дода шудаанд ва нақши ин иҷлосияи сарнавиштсози миллат  дар пойдории истиқлолияти давлатии кишвар ва ваҳдати миллӣ низ нишон дода шуд. Даври дуюми слайдҳои ин мавзӯъ давраи созишро дар бар гирифта, дар он суратҳои бунёдкориву созандагӣ дар мамлакат нишон дода шуданд. Умуман  мавзӯи презентатсияшуда дар донишҷӯён муҳаббат ба ватанро бедор намуда, аз ҷониби эшон хуш пазируфта шуд. Аксарияти донишҷӯён ба саволҳои хеш посухҳои қаноатманд гирифтанд. 

 

Мудири кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ”

 А.С. Саидов