Loading...
АСОСӢ
ПЕШГУФТОР

ПЕШГУФТОР

Тибби мардуми форсизабон таърихи беш азсеҳазорсола дорад. Он дар давраҳои гуногунрушду камол ёфта, ҳамеша башардӯстона буд.Сарчашмаи тибби халқҳои форсизабон Авесто аст. Дар ин китоби муқаддаси зардуштиён масъалаҳои тиб дар шакли басо одиву сода ва омехта ба таълимоти динӣ инъикос ёфтаанд. Бино ба навиштаҷоти Авесто офаридгори коинот Аҳура Маздо ба воситаи фаришта Айрайман (Ирман) ба беморон дасти кумак дароз мекунад. Сабабгори асосии бемориҳоАҳриман буда, ӯ ба сари одам 99999 маризӣовардааст. Дар Авесто сабабҳои пайдоишибемориҳо ба шамолхӯрӣ, гуруснагӣ, одатҳоибад, пурхӯрӣ, хастагӣ ва дигар омилҳо нисбатдода шудаанд. Аз сарчашмаҳои то замони мо маҳфузмонда бармеояд, ки дар тараққии тибби форсу тоҷик хусусан мактаби Гундишопур саҳми назаррас гузошта буд. Дар давраи мавҷудияти Давлати Сосониён шаҳри Гундишопур маркази ҳақиқии илму фарҳанг маҳсуб мешуд. Табибони гундишопурӣ сазовори ҳурмату эҳтироми беандоза буданд. Ба қавли муаррихон мактаби тиббии Гундишопур беш аз 300 сол арзи ҳастӣ карда, аввалин мактабе буд, ки дар он тибро аз нигоҳи амалия меомӯхтанд. Устодони ин даргоҳи маърифат бахши марбут ба тибби Авесторо дақиқ омӯхта, беш аз чаҳор ҳазор бемориеро, ки дар он тавсиф ёфтааст, ба тартиб дароварданд. Дар ривоҷу равнақи тибби он давр хусусан саҳми Бухтишуъ ибни Ҷурҷис, Ҷабраил ибни Бухтишуъ, Ҷурҷис ибни Бухтишуъ, Убайдуллоҳ ибни Ҷабраил, сарвари табибони форс Барзуя, табибони юнонӣ Теодорус, Трибунас ва Йуҳанно, Собур ибни Саҳл, Саҳорбухт ва дигарон назаррас буд. Таълифоту тарҷумаҳои ин устодон, ки аз кишварҳои гуногун ба Гундишопур омада буданд баҳри ривоҷу равнақи минбаъдаи илми тиб заминаи мусоид фароҳам сохт. Тибби форсу тоҷик хусусан дар аҳди Сомониён ба дараҷаи нисбатан баланди тараққиёт расид. Дар ин давра олимоне ба арсаи илм омаданд, ки тибби амалиро ба қуллаҳои ҳайратангез расониданд. Вале мутаассифона бисёр арбобони тибби форсу тоҷик, аз ҷумла Закариёи Розӣ ва Абӯалии Сино, бинобар ба забони арабӣ таълиф кардани бисёр китобҳои худ ба намояндагони тибби араб нисбат дода мешуданд. Тибби илмие, ки асосгузори онЗакариёи Розӣ ва Абӯалии Сино, инчунинпайравони онҳо буданд, то асри XVIII рушдутакомул ёфт. Закариёи Розӣ ва Абӯалии Синодар байни ситораҳои тибби тоҷик дурахшуҷилои хос доштанд. Бо вуҷуди ин дар аҳдиСомониён олимони дигаре низ буданд, кибаҳри тараққии тиб хидмати содиқона карда,ба наслҳои оянда аз худ мероси гаронбаҳобоқӣ гузоштанд. Абулҳасан Алӣ ибни РаббаниТабарӣ, Абӯмансури Бухороӣ, Абулқосимибни Абӯсодиқи Мутабиб (шогирди АбӯалииСино), Абӯсахӣ ибни Абдулазизи Нилӣ,Алӣ ибни Аббоси Аҳвозӣ, Абулхайр ибниХаммор, Ибни Ҳайсам (Алхатсена), АбӯубайдАбдулвоҳид ибни Муҳаммади Ҷузҷонӣ (шо- гирди вафодори Абӯалии Сино), АбӯсаҳлиМасеҳӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Абӯмансури Муваффақ, Исмоили Ҷурҷонӣ ва дигар олимони варзида илми тибро то ҳадде баланд бардоштанд, ки тӯли садсолаҳои баъдӣкасе натавонист онро аз он поя болотар барад. Баъди заволи сулолаи Сомониён илму фарҳанг, аз ҷумла илми тиб таназзул ёфт. Маркази илму тамаддун ба кишвари ҳамсоя – Хоразм кӯчид. Хоразм давлати тавоно буда, тамоми Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ ва Озарбойҷонро муттаҳид мекард. Дар замони салтанати Маъмун дар Хоразм «Маҷлиси уламои Маъмун» таъсис ёфт, ки баъди мактаби тиббии Гундишопур дувумин маркази илмӣ маҳсуб мешуд. Дар аҳди темуриён ва шайбониён дар марказҳои тамаддуни халқи тоҷик – шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро олимону мутахассисони номӣ гирд омаданд. Ҳамзамон бо дигар соҳаҳои илму фарҳанг тиб низ пеш рафт. Дар ин бобат Академияи тиббии Рубъи Рашидӣ (дар Табрез), Академияи Улуғбек, мактаби тиббии Ҳирот ва дорушшифои Бухоро саҳми назаррас гузоштанд. Дар натиҷа бисёр олимони соҳибистеъдод ба арсаи илм омаданд, ки Наҷиббудини Самарқандӣ, Абдурраҳмони Марвазӣ, Чағманӣ, Умраи Ватвот, Хоразмии Сакокӣ, Абӯсаъди Сомонӣ, Мутарфозили Хоразмӣ, Абӯфазли Хоразмӣ, Саид Субҳонқулӣ Муҳаммад Баҳодурхон, Муҳаммад Ҳусайни Оқилӣ, Муҳаммад Аъзамхони Ромпурӣ ва дигарон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ниёгони халқи тоҷик дар боби тиббу табобат таълифоти зиёде аз худ мерос мондаанд. Закариёи Розӣ роҷеъ ба тиб 60 таълифоти пурарзиш дорад, ки «Китобу-л-ҳовӣ», «Китобу-т-тибби-л-мансурӣ» (ё Алқонуну-л-мансурӣ»; 10 ҷилд), «Аттиббу-л-мулукӣ», «Тиббу-л-фуқаро», «Китбу-л-ҷадарӣ ва-л-ҳасба» аз ҳамин қабиланд. Розӣ таълифоташро дар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ ва маводди собиқаи бемории маризони бемористонҳои Рай ва Бағдод ба қалам додааст. Асарҳои тиббии Абӯалии Сино 59 адад буда, «Ал-Қонун фи-т-тиб» муҳимтарини онҳост. Шайхурраис «Адвияту-л-қалбия», «Урҷуза фит-тиб», «Мақолату фи аҳкоми-л-адвияти-л-қалбия», «Маърифату-т-танаффус ва-н-набз», «Ал-Қуланҷ», «Ал-Қуввоту табиия» ном китобҳои дигар низ дорад, ки тӯли садсолаҳо ҳамчун васоити таълимӣ дар макотиби тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд. Ба мероси гаронбаҳои ниёгонамон метавон бисёр асарҳои дигарро ҳам нисбат дод, ки феълан дар китобхонаҳои машҳури дунё маҳфуз мебошанд, чунончи, «Қарободини Кабир», «Иксири Аъзам», «Махзану-л-адвия», «Ихтиёроти бадеӣ», «Тибби Юсуфӣ», «Тибби Акбарӣ», «Қарободини Қодирӣ», «Қарободини Аъзам ва Акмал», «Дастуру-л-илоҷ», «Қарободини Ҷалолӣ», «Кифояи Мансурӣ», «Муфарроҳу-л-қулуб», «Қобуснома» ва ғайраву ва ҳоказо. Мо аз таърихи тибби гузаштагони худ фақат як марҳилаи хурдеро мавриди назар кардем. Ва ҳамин ҳам ба хотири он ки вусъати бекарон доштани ҷавлонгоҳи таърихии тибби қадимии форсу тоҷикро бори дигар пеши назар оварем. Зеро дар ин таърихи тӯлонӣ ягон асаре нест, ки шомили комёбиҳои барҷастаи олимони тиб набошад. Дар байни китобҳои тиббии қадимӣ қарободинҳо мавқеи хос доранд. Онҳо як навъ луғат буда, истилоҳоти он давру замонро, ки аз забонҳои арабӣ, юнонӣ, суриёнӣ, румӣ, ҳиндӣ ва ғайраҳо гирифта шудаанд, то андозае муттаҳид месозанд. Бархе аз он вожаҳо то замони мо омада расида бошанд ҳам, имрӯз онҳо куҳна шудаанду ҷои онҳоро вожаҳои лотинӣ ё истилоҳоти мувофиқи тоҷикӣ гирифтаанд. Ба таърихи тиб назар афканда нодида гирифтани давраи шӯравии он камоли носипо- сиву беҳурматӣ нисбат ба олимоне мебошад, ки пешоҳанги замона буданду берун аз марзи кишвари тоҷикон низ обрӯю эътибори хоса доштанд. Дар давраи шӯравӣ илми тибби тоҷик ба ҳадде тараққӣ кард, ки дар ягон давру замони дигар тараққӣ накарда буд. Соли 1939 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи тиббӣ ташкил шуд. Он дар тӯли 75 соли фаъолияти босамари худ даҳҳо ҳазор нафар мутахассис тарбия намудааст. Олимони барӯманди ҷумҳурӣ Л.Ф. Парадоксов, Ҳ.Ҳ. Мансуров, А.М., Пӯлодов, Б.Р. Раҳматов, К.Т. Тоҷиев, З.П., Хоҷаев, Н.У. Усмонов, А.Т. Пӯлодов, А.Я., Орипов, Ю.Б. Исҳоқӣ, С.Ҳ. Ҳакимова, Я.А., Раҳимов, Ю.И. Додхоев, М.Ғ. Ғуломов, Ҷ.М., Ҳошимов ва бисёр дигарон шогирдони зиёде ба воя расониданд, ки ифтихори тибби тоҷик мебошанд. Илми тибби шӯравии тоҷик асосан дар заминаи истилоҳоти лотинӣ рушд ёфта буд. Имрӯз вожаҳои лотинӣ тақрибан 70 дарсади истилоҳоти тиббиро ташкил медиҳанд. Дар илми тиб ҳар сол садҳо вожаи нав пайдо шуда, бисёр вожаҳои куҳна аз байн мераванд. Китобе, ки дар даст доред кулли вожаҳои лотинии ҷадиди тиббиро низ дар бар гирифтааст. «Вожаномаи тиббӣ» аз рӯи принсипи «дудар як» навишта шудааст. Мураттибон кӯшиш кардаанд, ки бо ин роҳ як фарҳанги тафсирии нисбатан мукаммалеро пешкаши хонандагон гардонанд. Дар китоб дар баробари истилоҳоти байналмилалии лотинӣ вожаю калимаҳои тоҷикӣ низ ҷой дода шудаанд. Онҳо ё аз забони халқ гирифта шудаанд ё тарҷумаи аниқу дақиқи вожаҳои лотинӣ мебошанд. Ба китоб ворид сохтани баъзе истилоҳоти душворфаҳми тибби қадим маънии аз дигар зинда кардани онҳоро надорад. Ин ба он хотир аст,ки замоне онҳо мавриди истифода будандудар кулли китобҳои қадим дучор меоянд.Мураттибон ҳамчунин номҳои лотинии бисёр вожаҳои тибби қадим, аз ҷумла гиёҳҳои да- воиро пайдо ва дар китоб қайд кардаанд. Бо ҳуруфи форсӣ навишта шудани истилоҳот бошад гумон мекунем барои форсизабонҳои бурунмарзӣ аз манфиат холӣ нест. Таълифи ин гуна фарҳанги тиббӣ дар ҷумҳурӣ таҷрибаи аввалин буда, назир надорад. Дар кори тартиб додани он аз китобҳои «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин, «Бурҳони Қотеъ»-и Муҳаммадҳусайни Бурҳон, «Чароғи ҳидоят»-и Сироҷуддини Алихони Орзу, «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Абӯалии Сино, «Китоб ас-сайдана фит-тибб»-и Абӯрайҳон Берунӣ, «Хазинаи тибби қадим»-и Ҳ.Зоҳидов, «Фар- ҳанги забони тоҷики» (Москва, 1969), «Фарҳанги забони тоҷикӣ (Душанбе, 2008), «Фарҳанги тибби»-и М.Я. Расулӣ, «Фарҳанги истилоҳоти пизишки»-и Муҳаммад Табо Табоӣ, «Одоби тиб ва пизишкӣ дар ислом»-и Аллома Саид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ, «Ҳазор вожаи пизишкӣ», «Русско-арабский медицинский словарь»-и Г. Арсланян ва Я. Шубов, «Медицинский словарь: русско-англо-персидский»-и Ноҳид Пури Акбар ва Муҳаммад Аждарӣ, «Большой энциклопедический словарь медицинских терминов» (Москва, 2012) ва ғайраҳо истифода бурда шудааст. Навиштани «Вожаномаи тиббӣ» барин китоб, ки маъмулан вазифаи як пажӯҳишгоҳи бонуфуз аст, барои ду нафар кори басо заҳматталаб буда, аз камбудиҳо холӣ нест. Бинобар ин аз хонандагон, хусусан аз табибону дӯстдорони илми тиб, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ҷиҳати дар оянда боз ҳам беҳтар гардидани сифати китоб маслиҳату мулоҳизаҳои худро ба мураттибон дареғ надоранд. У. Қурбон, д.и.т., профессор, узви вобастаи АИТТ, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино А. Раҷабзод, профессори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон