Loading...
АСОСӢ
Факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ
 Диданд: 1727

Факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139,
Тел.: (+992) 44 600 36 33, (+992) 93 807 11 22, e-mail: ntj@tajmedun.tj
Декани факултет, н.и.т., дотсент Носиров Қаҳҳор Нарзуллоевич
 
Кормандони деканат
Мансуров Ҳусейн Нусратович  
  муовини декан
Комилов Исмоил Шарипович
мутахассис оид ба низоми кредитӣ

 

         Соли 1992 дар сохтори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино факултети санитарӣ - гигиенӣ ташкил карда шуд ва аз сабаби кам будани шумораи донишҷӯён вазифаи декани факултетҳои стомотологӣ ва санитарӣ - гигиенӣ ба зиммаи дотсент Мгеладзе Т.С. гузошта шуд, ки ӯ то соли 1996 ин вазифаро иҷро намуд. Соли 1993 номи факултет ба номи факултети Пешгирии амроз иваз карда шуд. Соли 1996 факултети Пешгирии амроз аз факултети стоматологӣ ҷудо карда шуда, солҳои 1996-2000 д.и.т., профессор Бабаев А.Б вазифаи декани факултетро ба зимма дошт. Соли 1998 кафедраи кафедраи эпидемиология махсус барои факултети пешгирии амроз кушода шуд ва  мудири кафедраи мазкур д.и.т., профессор Ярашева Д.М. таъин карда шуд. Дар назари аввал чунин метобад, ки кафедраи мазкур нусхаи кафедраи пештара мебошад, вале дар асл кафедраи нав ба кор оғоз намуда, нақша ва барномаи таълимӣ таҷдиди назар карда шуда, ба факултети Пешгирии амроз мутобиқ карда шуд. Ғайр аз ин, ду кафедраи дигари гигиенӣ, кафедраи гигиенаи умумӣ ва экология ва кафедраи беҳдошти муҳити зист низ таъсис дода шуданд, ки вазифаҳои онҳо низ омода кардани мутахасисони баланихтисоси ин соҳа мебошанд. Дар баробари ташкил шудани кафедраҳои тахассусии факултет, пойгоҳҳои таълимии онҳо дар муассисаҳои назоратӣ - санитарию  эпидемиологии ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ташкил карда шуданд, инчунин нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар карда шуда, азнав таҳия карда шуданд.  Ҳамаи кафедраҳои навтаъсис бо кадрҳо омӯзгорӣ, аз ҷумлаи кормандони Раёсати назоратӣ – санитарию эпидемиологии ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ таъмин карда шуданд.
    Солҳои 2000-2001 н.и.т., дотсенти кафедраи эпидемиология Нестренко В.Е. ба ҳайси декани факултети Пешгирии амроз кор кардааст. Аз соли 2001 то қатъ гардидани фаъолияти факултети Пешгирии амроз,  то соли 2005 д.и.т., профессор Дабуров К.Н. вазифаи декани факултетро иҷро кардааст. Соли 2005 ба факултет номи факултети Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (НТҶ) дода шуд.
        Аз соли 2005 то моҳи августи соли 2009 вазифаи декани факултети Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятиро д.и.т., профессор Дабуров К.Н., аз моҳи августи соли 2009 то соли 2011 н.и.т., дотсент Усмонова Г.М., аз соли 2011 то моҳи феврали 2016 н.и.т., дотсент Матинов Ш.Қ ба зимма доштанд ва аз моҳи марти соли 2016 н.и.т., дотсент Носиров Қ.Н. дар вазифаи декани факултети  Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ фаъолият карда истодааст.
          
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои тахассусии факултет дар пойгоҳҳои факултети Нигоҳдории тандурустии Академияи тиббии ш. Маскваи ФР, Донишгоҳи тиббии Каунаси Литва, донишгоҳҳои Аврупо, ИМА, Канада, Исроил ва Қазоқистон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Аз ҷумла, 8 нафар докторони илмҳои тибб, профессорон: Дабуров К.Н., Бобоев А.Б., Рофиев Ҳ.Қ., Лукьянов Н.Б., Раҳмонов Э.Р., Қаюмов А.К., Сатторов С.С., Хоҷаева Н.М. ва инчунин 18-номзадҳои илмҳои тиб, дотсентон аз чунин курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд.
Ҳамзамон ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои факултет бо омӯзишу бурдани корҳои илмӣ-татқиқотӣ оиди ҳолати муҳити атроф ва таъсирӣ он ба саломатии аҳолии ҷумҳурӣ машғуланд. Омода намудани кадрҳои илмӣ – педагогӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар солҳои охир 8-доктори илмҳои тибб ва зиёда аз 25 номзади илмҳои тибб омода карда  шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар кишвар то ҳол норасогии мутахасисони соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, аз ҷумла, кадрҳои идоракунанда, молиявию иқтисодӣ, мутахасисони соҳаи снитарию эпидемиологӣ, кормандони шӯъбаи ташкилию методии БМН ва мутахасисонӣ марказҳои тарзи ҳаёти солим ба назар мерасад.
       Айни замон дар факултети НТҶ ҳамагӣ 282 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд (аз ҷумла 8 нафар дониҷӯёни хорҷӣ), ки аз онҳо 123 нафар духтарон ва 159 нафар писарон мебошанд. Донишҷуёни факултет дар корҳои ҷамъиятиву фарҳангии  донишгоҳ ва берун аз донишгоҳӣ фаъолона иштирок мекунанд. Аз ҷумла,  донишҷӯи курси 2-юм Азизов Раҷабалӣ, Амируллоев  Фатхиддин, донишҷӯёни курси 3-юм Нуралиев Кароматулло, Мамадҷонов Пайрав, донишҷӯёни курси 4-ум Раҳмоналиев Орзу, Абдуллоев Соимхуҷа, Пирматова Таҳмина, донишҷӯёни курси 5-ум Мамадаминов Осимҷон, Тӯйчиев Фирузҷон, Алиакбар Абдизода, Абдуназаров Парвиз, донишҷӯёни курси 6-ум Сайфудини Файзулло, Саидова Тозагул аъзои фаъоли шуъбаи кор бо ҷавонон, иитифоқи касабаи донишҷӯён, шуъбаи кор бо занон ва духтарон мебошанд. Дар донишгоҳ отряди донишҷӯёни сохтмончӣ барои корҳои ободонӣ таъсис дода шудааст, ки донишҷӯёни курси 3–юм Нуралиев Кароматулло., Мамадҷонов Пайрав аъзои ин отряд буда,  дар корҳои ободонии донишгоҳ саҳмгузорӣ менамоянд. Дар байни донишҷӯёни факултет варзишгарон: Дадоматов Рустам оид ба Каратэ-до, Тӯйчиев Фируз., Ҳақназаров Ҷасур., Пардаев Ҷобир., Ашуров Шахобиддин., Аброров Мирзоаброр оид ба футбол, Омонуллоев Элдор ва Абдураҳмонова Шоира оид ба волейбол ба дастаи яккачини донишгоҳ шомил ҳастанд. Донишҷӯёни зерин: Мамадаминов Осимҷон, Раҳмоналиев Орзу, Собиров Нодирҷон, Шарипов Раҷабалӣ, Шамсов Фирдавс, Алиназарова Шаҳноза, Ғоибова Зулфия, Нуралиев Кароматулло, Мамадҷонов Пайрав, Турсунова Шаҳноза, Буриев Маҳмаддовуд  бо баҳои аъло таҳсил доранд.
              Дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар, соли 2005 Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони соҳаи маориф  вазифа гузоштанд, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълим дар макотиби миёна ва олии касбӣ зина ба зина гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот чораҳои зарурӣ андешанд .
        Аз соли  2007 дар факултет таълим тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Таҳсил дар факултет дар ду зина гузаронида мешавад.  Зинаи якум мутахассис, ки баъди 6 соли таҳсил донишҷӯён соҳиби ихтисосҳои  нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, гигиена, эпидемиология мешаванд. Марҳилаи дуюм магистратура мебошад, ки донишҷӯён 2 сол таҳсил намуда, соҳиби дипломи магистри нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ мешаванд. Хатмкардагони факултет имкон доранд таҳсили худро дар иетернатура, ординатура ва аспирантура  (PhD) давом  диҳанд.
Хатмкардагони факултети НТҶ метавонанд  дар шӯъбаҳои идоракунӣ, ташкиливу методии муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ, Марказҳои ташкили тарзи ҳаёти солим, Марказҳи маълумот ва омори тиббӣ, Марказҳои мубориза бо бемории АНМБ, бемориҳои тропикӣ, Фондҳои иҷтимоӣ ва суғуртаи тиббӣ ва инчунин, дар ташкилотҳои  байналмилалӣ фаъолият намоянд.
 Ҳамасола ба факултет аз 50 то 60 нафар донишҷуён қабул карда мешаванд. Соли 1998 аввалин хатмкунандагони факултет ба фаъолият оғоз намуданд ва ҳоло бошад зиёда аз 1000 нафар хатмкардагони факултети НТҶ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи кишвар фаъолият доранд. Аз ҷумла, Ҷаъфаров Наврӯз – муовини  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; н.и.т. Рузиев Муродалӣ –директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза ва пешгирии ВНМБ\ АНМО; н.и.т Солиев Алиҷон –мудири шӯъбаи мониторинги Маркази ҷумҳуриявии мубориза ва пешгирии ВНМБ /АНМО; Сайбурҳонов Дилшод – духтур паразитологи Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ; Шоева Сокина ва Мадбоидов Ваҳҳоб – мутахасисони Хадамоти ҷумҳуриявии назорати санитарию эпидемиологӣ; Маҳина Ҳотамова - сардухтури Маркази назорати санитарию эпидемиологии н.Варзоб; Шарипов Солеҳ - координатори ҷамъиятии ҷумҳуриявии Ҳилоли аҳмар; Каримов Фозил - духтури Маркази назорати санитарию эпидемиолдогии н.Турсунзода; Зуҳурова Махфират - духтури Маркази назорати санитарию эпидемиолдогии н.Ваҳдат; Насруллоева Моҳшариф ва Саъдиева Маҳина - корманди ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо.
        Дар партави паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ва фармону супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо тайёр намудани мутахасисони соҳибтаҷриба ва ҷавобгӯй ба талоботҳои замони муосирро раёсати донишгоҳ  ва факултети НТҶ вазифаи асосии худ қарор додаанд. Айни замон, баҳри боз ҳам беҳтар кардани раванду сифати таълим ва пурзӯр намудани пойгоҳи моддӣ - техникии кафедраҳои факултет Раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарию дастгтрии бевоситаи ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Гулзода М.Қ., деканат, ҲПО-и кафедраҳои факултет ҳамаҷониба  ҷаҳду талош доранд.

Кафедраҳо: