Loading...
АСОСӢ
Факултети фарматсевтӣ
 Диданд: 661

Факултети фарматсевтӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139,
Тел.: (+992) 44 600 36 12, (+992) 93 599 99 44, e-mail: farm@tajmedun.tj
Декани факултет, н.и.т., дотсент, Юлдашева Умеда Пулатовна

Соли 1981 дар назди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, факултети фармасевтӣ таъсис ёфт. Аввалин декани факултет дотсент Ҷаҳонгиров А.Ҷ. (1981-1982) буд ва солҳои баъдина профессор Пашаев К.П. (1982-1984), дотсентҳо Ҳаитов И.Ҳ. (1984-1986), Мақсудова З.Г. (1987-1995), Халифаев Д.Р. (1995-1997) ва докторони илми тиб Қурбонов С.С. (1997-2005), Исупов С.Ҷ. (2005-2008), Хақназарова М.А. (2008-2010) сарварии факултетро ба ӯҳда доштанд. Соли 2010-2011 сарварии факултетро н.и.б. Холов А.Қ, соли 2011 - 2016 н.и.б.  Холов Ё.Қ  ба ӯҳда доштанд. Аз мохи март соли 2016 то имрӯз сарварии факултаро н.и.т., дотсент мудири кафедраи фармакология Юлдашева У.П. ба ӯҳда доранд.
Айни ҳол дар ДДТТ дар тайёр намудани фармасевтҳо 21 кафедра иштирок дорад, ки 3 тои он тахассусӣ буда, ки дар он ҷой 2 академик, 5 доктори илм ва 11 номзадҳои илм фаъолияти корӣ доранд.
Донишҷӯёни факултети фармасевтӣ чунин фанҳои ба монанди забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ, математика, информатика, физика, биология, фалсафа, назарияи иқтисод ва ғайра, инчунин фанҳои тиббӣ - биологии микробиология, физиологияипатологӣ, анатомияи одам, фармакология ва биохимияро аз худ мекунанд.
Қисмати фанҳои тахассусиро таърихи фарматсия, фармакогнозия, химияи заҳршиносӣ, технологияи фармасевтӣ, химияи фармасевтӣ, биофарматсия, молшиносии тиббӣ ва фармасевтӣ, идоракунӣ ва иқтисодӣ фарматсия дар бар мегиранд.
    Аз тарафи кормандони кафедраҳо дастурамалҳои таълимӣ ва адабиётҳои электронӣ доир ба як қатор фанҳо тайёр карда шуданд, ки ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, то ин ки онҳо бо дастурҳои методӣ ва лексияҳо шинос шуда, корҳои контролӣ ва санҷишҳоро супоранд.
    Аз соли 2016 таълим дар факултет аз рӯи нақшаи таълимии нав, бо системаи таълимии кредитӣ - модулӣ гузаронида мешавад. Сифати тайёрии мутахассисон аз рӯи малакаҳо ва маҳоратҳои азхудкардаашон муайян карда мешавад. Бо ин мақсад стандарти таълимӣ гузаронидани навъҳои гуногуни таҷрибаомӯзиро пешбинӣ менамояд (таълимӣ, истеҳсолӣ), ки он дар пойгоҳи муассисаҳои табобатӣ, фармасевтӣ, дорухонаҳо, корхонаҳои истеҳсолии фармасевтӣ, инчунин дар маркази фармасевтии «Фарматсия», ки дар назди донишгоҳ ташкил карда шудааст, гузаронида мешавад.
        Дар давоми 35 соли фаъолияти факултет зиёда аз 2100 фармасевт тайёр карда шудааст, ки дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд.
Қабули ҳамасола ба факултети фармасевтӣ 50 нафарро ташкил медиҳад  (дар асоси шартномавӣ). Дар факултети фармасевтӣ айни ҳол 355 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.
Донишҷӯён бо муваффақият корҳои дипломии худро ҳимоя мекунанд.
Хатмкунандаҳои беҳтарини факултет дар кафедраҳои факултетамон ҳамчун омӯзгор фаъолият карда, дар аспирантура таҳсил намуда, рисолаҳои илмии худро дар донишгоҳи худамон ва дигар муассисаҳои олии таълимӣ ҳимоя мекунанд.
Мӯҳлати панҷсолаи таълим бо аттестатсияи давлатии ҷамъбастӣ ба итмом расида, ба хатмкардагон тахассуси  «фармасевт» ва дипломи намунаи давлатӣ аз рӯи ихтисоси «Фарматсия» супорида мешавад.

Кафедраҳо: