Loading...
АСОСӢ
Чорабиниҳо
БА ДИҚҚАТИ ДОКТОРАНТОН ВА МАГИСТРОН

2018-01-11 /  Автор:Editor2/  Диданд:98

БА ДИҚҚАТИ ДОКТОРАНТОН ВА МАГИСТРОН

img

          Барномаи таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, ки Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Туркия бурсияҳои таҳсилиро дар зинаи магистратура ва докторантура барои соли 2018 пешниҳод намудааст.

Сабти ном супоридани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва озмуни қабули довталабон то 05марти соли 2018 муқаррар гардидааст.

Довталабон метавонанд, маълумоти бештарро аз шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дастрас намоянд.

ШУЪБАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ