Loading...

2017-11-07 /  Автор:Editor/  Диданд:160

ЭЪЛОН

img

 

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар таърихи 26-уми декабри соли 2017 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2017 – «Соли ҷавонон» дар мавзӯи «Илм ва ҷавонон» баргузор мегардад. 
Талабот барои қабули мақолаҳо:
1. Калимаҳои калидӣ (ключевые слова);
2. Муқаддима (муҳимият);
3. Мақсади тадқиқот;
4. Мавод ва усулҳои тадқиқот;
5. Натиҷаҳои тадқиқот ва баррасии онҳо;
6. Хулоса (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
7. Адабиёт (аз 8-то зиёд набошад).
Мақолаҳо на зиёда аз 5 саҳифа бо формати А-4, ҳуруфоташ 12 Times Nes Roman буда, бо роҳхати роҳбари илмӣ ва имзои муаллифон, пас аз 1 фосилагӣ (интервал), дар 1 нусхаи чопӣ, бо нусхаи электронӣ пешниҳод карда шавад. Муаллифон дар мақола аз 4 нафар зиёд набошанд.
Маводи конфронс дар маҷаллаи «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон» чоп карда мешаванд. 
Аз ин рӯ, ҷиҳати иштирок дар конференсияи мазкур мақолаҳоятонро то 10-уми декабри соли ҷорӣ ба суроғаи кумитаи тадорукот ш. Душанбе, кӯчаи Камонгарон – 3, МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, шуъбаи илмӣ-методӣ, ҳуҷраи №55, Рахимова Х.А. ва Азизов З.А. ирсол намоед.
Маълумоти пурра дар бораи пешниҳод ва чопи мақолаҳо бо телефонҳои (+992) 901-11-05-09 ва (+992) 918-68-73-17 дар тамос шавед. 
Шуъбаи илм ва иноватсия