Loading...
АСОСӢ
Комиссияи қабул - 2017

Диданд: 1634

Комиссияи қабул - 2017

Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2017-2018

I. Муқаррароти умумӣ
 
Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикисон, «Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» таҳия шудааст.
         
II. Тартиби умумии қабули донишҷӯён
 
2.1. Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад. 
2.2. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ,  инчунин хориҷиёну шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилот, баъди гузаштан аз озмун ва пардохти маблағи таҳсил қабул карда мешаванд.
2.3. Қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) сурат мегирад.
2.4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд, баъди супоридани имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ва гузаштан аз озмун тибқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷатҳои заруриро месупоранд.
2.5.Қабули довталабони тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озмун гузашта дар муҳлати мукқарраршуда дар комиссияи қабули донишгоҳ амалӣ мегардад.
2.6. Таҳсил дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзона аст. Мӯҳлати таҳсил мувофиқи «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10 соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гардидааст,  дар факултетҳои тиббӣ  ва педиатрия 6 сол, стоматологӣ 5 сол, фарматсевтӣ 5  сол ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ 4-6  сол мебошад.
 
III. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки тибқи рӯйхати Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба донишгоҳ фиристода шудаанд
 
  1. Довталабоне, ки имтиҳони марказонидашудаи дохилшавиро супорида, аз озмун бо гирифтани холҳои зарурӣ гузаштаанд, мувофиқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро ба Комиссияи қабули донишгоҳ пешниҳод намоянд:
  • ариза ба номи ректор;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли №086У);
  • 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
  • шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои писарон);
  • ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар тавассути имтиёз дохил шуда бошад) – шаҳодатнома дар бораи маъюбӣ (барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-юм), хатти вафоти падар ва модар (барои ятимони кулли то синни 21 сола), ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи бепарастор будани довталаб, тавсияномаи Вазорати тандурустӣ ва илми ҶТ барои ғолибият дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ аз фанҳои химия ва ё биология.
    1. Барои довталабоне, ки мувофиқи имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ба рӯйхати пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестӣ шомил шудаанд ва тариқи таҳсили шартномавиро интихоб намудаанд, то супоридани ҳуҷҷатҳо ба хазинаи донишгоҳ пардохт намудани маблағи яксолаи таҳсил ҳатмӣ мебошад.
    2. Дар мавриди дар муҳлати барои ҳуҷҷатсупорӣ муқаррарнамудаи Маркази миллии тестӣ ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат насупоридани довталаб ҳуҷҷатҳои ӯ қабул карда намешавад ва рӯйхати довталаби мазкур ҳамчун шахси ҳозирнашуда ба Маркази миллии тестӣ пешниҳод карда мешавад.
 
IV. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ таҳсил менамоянд
 
  Духтарон ва писарон, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мешаванд, бар иловаи ҳуҷҷатҳои дар боло номбар шуда бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
  • ариза ба номи ректор;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли №086У);
  • 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
  • шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои писарон);
  • қарори Шӯрои педагогии мактаб;
  • тавсияи шӯъбаи маорифи ноҳия ё шаҳр; 
  • роҳхати ҳукумати ноҳия ё шаҳр. 
  • қарордоди фаъолияти якҷояи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва шаҳрванд.
Қабули фарзандони иштирокчиёни бартарафкунии оқибатҳои фоҷеаи Чернобил тибқи Қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд (қарори мушовараи Вазорати маориф аз 1.02.с.2010, №2/18) амалӣ мегардад.
 
V. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ
  1. Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва моддаи 20-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти дуюм ва таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ танҳо дар асоси шарнома (ғайриройгон) иҷозат дода мешавад.
  2. Ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои гирифтани маълумоти дуюми олии касбӣ    
 Қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ танҳо тибқи шартнома дар асоси оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ амалӣ мегардад. Барои баргузории сӯҳбат бо довталабони мазкур комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода мешавад. Донишҷӯёне, ки барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ ҳуҷҷат супоридаанд, танҳо баъди гузаштан аз сӯҳбат ва пардохти маблағи таҳсил ба сафи донишҷӯён шомил мегарданд.