Loading...
АСОСӢ
Маркази таълимӣ - клиникии «Стоматология»

Диданд: 565

Маркази таълимӣ - клиникии «Стоматология»

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Сино 30/1, Маҷмааи нави таълимии Қарияи боло
Тел.: (+992) 44 600 39 73, (+992) 918 82 63 75, e-mail: 38@tajmedun.tj
Директори марказ Таибов Саидшох Аюбович
 
Кормандони марказ
 
Сабуров Сабур
Каримович
номзади илмҳои тиб
 
 
Шарипов Саид
Муродович
номзади илмҳои тиб,
дотсент
 
Юсупова Заррина
Ҳикматовна
номзади илмҳои тиб
 
 
Қувватов Хидиралӣ
Раҷабалиевич
асисстент
 
 
Маҳмудов Маъруф
Маҳмадраҷабович
            асисстент
 
 
Аминов Парвиз
Олимович
асисстент
 
 
Қурбонова Шифо
Ҷурабековна
лаборанти калон
 
 
Ибрагимова Азиза
асисстент

 
 
Тохтаходжаева Саодат
Тупалоновна
номзади илмҳои тиб,
дотсент
 
Бекмурадов Бердӣ
Алтиевич
номзади илмҳои тиб
 
 
Азизов Хайём
Давлатшоевич
асисстент
 
 
Аюбов Олимҷон
Саидшоевич
асисстент
 
 
Қувватова Мавзуна
Хидиралиевна
асисстент
 
 
Тағоева Шаҳло
асисстент
 
 
 
Валиев Шоҳин
Нумонович
лаборанти калон
 
 
Шарипов
Хуршед
табиб стоматолог
 
 
Мирзоева Тахмина
Салимовна
табиб стоматолог
 
 
Ҳасанова Бибиҳафиза
Куйбокаровна
асисстент
 
 
Уманова Насиба
Эргашовна
асисстент
 
 
Саодатов Акобиршоҳ
Иноятович
асисстент
 
 
Одинаев Қурбоналӣ
мудири хоҷагӣ
 
 
 
Эсанов Абдусалом
Ҳасанович
мудири лабораторияи
дандонсозӣ
 
Махмадалиев Хуршед
Мирзоалиевич
рехтагар
 
 
Шарипов Ҷамшед
Саидҷонович
дандонсоз
 
 
Қувватов Муртазо
Раҷабалиевич
дандонсоз
 
 Маълумоти умумӣ

 Маркази таълимӣ - клиникии "Стоматология" фаъолияти  худро аз  соли 2007 оғоз намуд ва роҳбарии марказро Шарипов С.М. (солҳои 2007 – 2009), Сабуров С.К. (солҳои 2009 – 2015) ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2015 то ҳол роҳбарии марказро Таибов С.А. ба зимма дорад.   

Марказ дар  баробари  тайёр намудани  мутахассисони  соҳаи тандурустӣ инчунин барои  такмили маҳорати  касбӣ,  истифодаи  мақсадноки  таҷҳизоти  стоматологӣ , расонидани  хизмати тиббӣ аз рўи ихтисос  ба  муроҷиаткунандагон  низ корҳои назаррасро   ба  сомон мерасонад.  Дар Марказ  корҳои илмӣ яке аз самтҳои  асосӣ  ба ҳисоб меравад.                                
Дар  Марказ  номзадҳои илми тиб,  табиб – стоматологҳо, 2- нафар аълочии ВТ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, устодон  ва   лаборантони  калони  кафедраҳои марбут  адои  вазифа мекунанд. Дараҷаи  унвоннокии  кормандони  кафедраҳои  МТК «Стоматология»   50% -ро ташкил медиҳад. Дар кафедраҳои марказ тамоми корҳои табобатие, ки дар соҳаи стоматологияи муосири дунё истифода мешаванд, роҳандозӣ карда шудааст ва бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон  таъмин аст.Дар  марказ кафедраҳои стоматологияи ортопедӣ ва муоличавӣ пурра, кафедраҳои стоматологияи кудакона ва ҶҶР қисман ҷойгир шудаанд.Фаъолияти ҳуҷраҳои рентгенӣ, физиотерапевтӣ, тамизгардонӣ кори устодонро осон гардонида барои сари вақт ташхиси дуруст мондан ва табобати муфид намудан мусоидат менамояд. Дар ҳама ҳуҷраҳо камераи нигоҳдории асбобҳои тамизшуда гузошта шудааст,ки ин барои бехатарии сироятӣ муҳим аст. Ҳамкори байни устодони кафедраҳо дар сатҳи зарурӣ буда, барои баланд бардоштани нуфузи марказ ҳамчун клиникаи донишгоҳии ДДТТ баноми Абўалӣ ибни Сино мусоидат мекунад.

Вазифаҳои асосии  марказ

- баланд бардоштани савияи таълими донишҷуён ва магистрҳо;
- тайёр намудани мутахассисони баландихтисос;
- тайёр намудани  кадрҳои илмӣ-педагогӣ;
 -тайёр намудани дастурҳои методӣ, дарсӣ ва дастурамалҳо барои   машғулиятҳои амалии донишҷуён ва муаллимон;
-иҷрои корҳои тарбиявӣ;
-иҷро намудани корҳои муолиҷавӣ ва машваратӣ;

Корҳои таълимӣ

Корҳои тарбиявӣ дар Марказ аз рўи нақшаи тасдиқкардаи шуъбаи таълим ба роҳ монда шуда, қариб  ҳама лексияҳо ва дарсҳои амалӣ  бо  тариқи  презентатсия,  яъне  бо истифода аз компютер,  проектор ва  доскаи эдлектронӣ  гузаронида мешаванд.     
Дар марказ  ҳуҷраи  фантоми   бо  ҳама маводҳои  ҳозиразамон  фаъолият менамояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи  дониши донишҷӯён  мусоидат мекунад. 

Корҳои тарбиявӣ

Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои зерин бурда шуд:
-Пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ;
-Оиди райъпурсии  умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағиру иловаҳо дар Конститутсияи ҶТ;
-Оиди сазовор пешвозгирии ҷащни 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ.
-Оиди  ҳолати  омузиши  забони  давлати  дар  марказ.            
-Оиди  конститутсияи   ҶТ  ва  аҳамияти  он  барои  тенҷию  ороми  ва  пешрафти   ҷомеаи  имрӯза.
-Оиди сазовор ҷашн гирифтани рӯзи Президенти ҶТ– 16.11 ва рузи парчам – 24.11
БАРОМАДИ ТВ  - 26
РАДИО  - 6
ГАЗЕТА –17                                                                                                                                    
Оиди райъпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағиру иловаҳо дар Конститутсияи ҶТ; Оиди сазовор пешвозгирии ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ.
Дар   соли 2017 дар марказ  ду  ҳамоиши илмӣ баргузор гардид:моҳи январ-”Об  барои рушди устувор  2018—2028”ва  24 феврал- ҳамоиши  илми  дар мавзуи «Масъалаҳои мубрам ва дастовардҳои стоматологияи муосир»