Loading...
АСОСӢ
Довталабони азиз

Диданд: 20

Довталабони азиз

Донишгоҳи тиббӣ интизори беҳтарин довталабон аст!
Убайдулло Қурбон,  ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т., профессор
 
Довталабони азиз!
    Дар донишгоҳи тиббии ҷумҳурӣ давоми солҳои охир таҳаввулотҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастанд: шароиту имкониятҳои таҳсил ба куллӣ беҳтар гашт, сафи устодони моҳиру соҳибунвон зиёд шуд, шаффофият дар тамоми марҳилаҳои имтиҳонот таъмин гашт. Бо мақсади боло бурдани малакаҳои касбии табибони оянда дар давоми 5-6 соли охир дар донишгоҳ 22 шӯъбаву марказ ва озмоишгоҳҳои нави илмӣ кушода шуданд, ки имрӯз бомуваффақият фаъолият менамоянд. Ҳамаи ин дигаргуниҳо имконият доданд, ки солҳои охир  шумораи зиёди толибилмон донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намоянд, ки ин бешубҳа аз болоравии ҷиддии сатҳу сифати таълиму тарбия дар ягона муассисаи таҳсилоти олии кишвар гувоҳӣ медиҳад.
     Дар баробари ин бояд ба хубӣ дарк намуд, ки вобаста ба чунин пешравиҳо талабот аз довталабон низ сол аз сол бештару ҷиддитар мегардад.  Ҳар кадоми шумо ҳам, ки бо орзуву ниятҳои зиёде донишҷӯи ин муассисаи бонуфузи илмӣ гаштаниед, бояд як чизи аз ҳама муҳимро дарк намоед: Барои ба донишгоҳи тиббӣ дохил гаштан танҳо ба дониши баланд, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои шабонарӯзии хеш такя намудан лозим меояд. Набояд фирефтаи суханҳои пӯчу подарҳавои қаллобону миёнаравҳо гардед, зеро таҷрибаи солҳои охир ва фаъолияти порсолаи Маркази миллии тестӣ нишон дод, ки имрӯз барои интихоби беҳтарин довталабони мактабҳои олӣ тамоми имкониятҳои воқеӣ ва шаффофияти раванди имтиҳонот таъмин гардидааст. Мо низ барои дар минбаъда боз ҳам боло бардоштани сатҳи донишҳои касбии шогирдони худ маҳз ба ақлу заковат ва донишу маҳорати беҳтарин довталабони имрӯза такя менамоем.
     Ба ҳар яки Шумо дар маъракаи дар пешистодаи имтиҳоноти қабул  барору комёбӣва таҳаммулу бурдборӣ таманно дорам.
Марҳабо,  ба Донишгоҳи тиббӣ!